home Ҳодисаҳо Ҳалокати муҳоҷири 35-солаи тоҷик дар Русия

Ҳалокати муҳоҷири 35-солаи тоҷик дар Русия

Рӯзи 14 июн дар як сохтмон дар шаҳри Тулаи Русия ду коргар, аз ҷумла як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, ҷон бохтаанд. Кумитаи тафтишоти вилояти Тула мегӯяд, коргари дувуми ҳалокшуда шаҳрванди Русия буда, 57 сол дошт. Ба гуфтаи тафтишот, ҳарду аз қабати ҳаштуми бинои навсохт ба замин афтодаанд. Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ин бинои истиқоматӣ барои афсарони артиши Русия сохта мешуд. Дар Русия дар ҳоли ҳозир 876 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар рӯз дар Русия дастикам 3 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла ба далели фалокатҳо дар ҷои кор, ҷон медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *