home Ҳодисаҳо Боздошти ноболиғ ба гумони даст доштан дар дуздӣ

Боздошти ноболиғ ба гумони даст доштан дар дуздӣ

Кормандони милиса ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дуздии амвол боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки санаи 24 январ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Дуос”, пули нақд ва корти “Агроинвестбонк”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 760-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ин ҷиноят дастгир гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ASIA-Plus

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *