home Руйдодхо Видео: Чилваи хусн — Восеъ

Видео: Чилваи хусн — Восеъ

Барои гузаронидани   фестивали чумхуриявии «Чилваи хусн» масъулони шуъбаи кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ, толори  муасисаи тахсилоти миёнаи умумии №10 ро  интихоб намуданд.

Барои намоиши  либосхои милли  ва раксу сурудхои халки сахнаи ин толор васеъ мебошад.    Иштирокчиёни  фестивал имкон  пайдо намуданд,ки хунару махорати худро,ки муддати як мох омодаги дида буданд,назди тамошобинон  пура намоиш диханд.

Барномаи фестивали Чумхурияви «Чилваи хусн» дар нохияи Восеъ , бо  талаботхои гузошташудаи  фестивал,  аз руи сенарияи аълочии фарханги Чумхурии Точикистон Рамазон Мирзоев   гузаронида шуд. Кисмати фестивал аз либосхои кудакона, либосхои харруза, либосхои маросими ва идона, либосхои милли иборат буданд.

Либосхои миллие   ки дар ин фестивал намоиш дода шудаанд, аз матохои милли, атлас, адрас, гулбаст, алоча, дар корхонаи дузандагии  Тарох, Адолат Курбонова   дар  чамоати ба номи Худоёр Рачабов   духта шудаанд.

Корхона муддати 10 сол фаъолият дошта ба духтани чунин  сару либосхои милли машгул мебошад. Дар  сару  либосхои дар ин корхона духташуда, ки ин чо намоиш дода шуд, куртахо ,  бо накшу нигори милли  ороиш дода шудаанд. Либосхои таёр намудаи Адолат бо тахаюлотхои У замонави духта шудаанд.

Саршуёни гуларус суруди анънавии  мардуми мебошад.Маросими саршуён.дар туи аруси гузаронида мешавад. Дар ин маросим арус хамин гунна сару либоси милли ба бар менамояд.Гулнора Сатторова сарояндаи сурудхои мардуми, дар ин фестивал  суруди саршуёни гуларусро  мехонад.

 

mavji-ozod.tj

407 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *