home Ҳодисаҳо Дар Конибодом боз як шавҳар занашро кушт

Дар Конибодом боз як шавҳар занашро кушт

Як сокини 27-солаи шаҳри Конибодом нисфирӯзи 10-уми июн дар ҳолати мастӣ дар хонаи хушдоманаш ҳамсари 29-солаашро ба қатл расондааст. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, муттаҳам дар ҳолати мастӣ хостааст, ҳамсарашро аз хонаи хушдоман ба хонаи худ баргардонад: “Тахминан соати 13:00-дақиқа дар ҳолати мастӣ барои ба хонааш баргардонидани ҳамсари 29-солааш, ба хонаи модарарӯсаш ба шаҳри Конибодом омадаааст. Аммо дар пайи муноқиша бо ҳамсараш, бо корди дар дасташ буда, ба қисмати гардан ва қафаси синааш мезанад. Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

«Хафтаномаи Точикистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *