home Ҳодисаҳо Дар Самарқанд хусур фармони қатли домодро дод

Дар Самарқанд хусур фармони қатли домодро дод

Дар Самарқанд бо «фармоиш»-и хусур марде, ки майнушиву беҷогардӣ мекард, кушта шуд.

Дар ин бора нашрияи «Ҳуқуқ» бо такя ба муфаттиши калони додситонии Самарқанд Б. Холматов хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, марди бадмаст ҳамсарашро мудовим дар ҳузури фарзандон лату кӯб мекардааст. Барои ҷазо додани домод, хусур ду қотилро бар ивази 480 доллар киро мекунад. Қотилон марди бадмастро, ки дар ҳолати мастӣ ба хонааш бармегашт, бо табар куштаанд.

Ин ҷиноят дар фурсати кутоҳтарин кушода шудааст. Хусур, ки фармони қатли домодашро дода буд, 12 зиндонӣ шуд. Қотилон бошанд, мутаносибан 17 ва 18 сол зиндонӣ гардидаанд.

10 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *