home Руйдодхо Даргузашти шоири тоҷик Бобо Ҳоҷӣ

Даргузашти шоири тоҷик Бобо Ҳоҷӣ

Субҳи имрӯз шоири маъруфи тоҷик, рӯзноманигор ва тарҷумон Бобо Ҳоҷӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Маросими ҷанозаи марҳум нимаи имрӯз дар манзилаш, воқеъ дар кӯчаи Фузулии пойтахт (мавзеи мясокомбинат) баргузор мешавад.

Бобо Ҳоҷӣ  1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1951). Корманди оӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи «Машъал» (1951–1962), муҳаррири калони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962–1967). Солҳои 1967–1987 дар муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» муҳаррири калон буд. Аз с. 1988 бознишаста ва машғули кори эҷоди буд.

Шеъри аввалинаш с. 1949 ба табъ расидааст. Мавзӯи маҷмӯаҳои «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1964), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Нони ҳалол» (1978), «Паймона», «Дурри ятим» (ҳар ду 1986), «Обилаи дил» (2002), «Гули шому саҳар» (2004), «Соябони сар»-и (2008) Бобо Ҳоҷӣ ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, инсондӯстӣ, тантанаи ғояҳои ҳаёти нави сотсиалистӣ, васфи манзараҳои табиати кӯҳистон, шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ситоиши аҳли заҳмат ва ғ. мебошад.

Ашъори дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1962), «Соябони сар» (2008) фароҳам омадаро Бобо Ҳоҷӣ махсус барои бачагон иншо намудааст, ки дар онҳо ҳаёт, тарзи зиндагӣ, орзую умеди насли наврас ифода ёфтааст. Шеърҳои барои бачагон, талабаҳои синфҳои ибтидоӣ эҷоднамудаи ӯ дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ҷой гирифтаанд.

Дар ашъори ҳаҷвии «Қарсак аз ду даст» (1982) ашхоси бадгуҳар, мансабдорони ноуҳдабаро ва чолпусро бо ҳаҷви тезу тунди нишонрас мавриди сарзаниш қарор додааст. Шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Признание в любви» (1970), «Честный хлеб» (1987) фароҳам омадаанд. Чанде аз шеърҳояш ба дигар забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ (англисию чехӣ) тарҷума шудаанд.

Инчунин Бобо Ҳоҷӣ ба навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ, публитсистӣ, очерку лавҳа ва хотирот машғул буд. Намунаҳои ашъори Н. Некрасов, С. Есенин, Л. Украинка, Абай, А. Сурков, М. Исаковский, С. Михалков, Зулфия ва дигар, инчунин мухтасари ҳамосаи Ҳинди Қадим «Рамаяна»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Бо нишони тилои Кумитаи муҳофизони сулҳи ИҶШС, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

news.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *