home Ҳодисаҳо Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд алайҳи Атовуллоев ва Кабирӣ

Гирдиҳамоӣ дар Хуҷанд алайҳи Атовуллоев ва Кабирӣ

Як гуруҳ «ҷавонони фаъол» дар назди Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд гирдиҳамоӣ созмон додаанд.
Онҳо аз дипллматҳои урпоӣ хостаанд, ки раҳбари Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Додоҷон Атовуллоев, раҳбари созмони «Ватандор»-ро ба Тоҷикистон баргардонанд. Дар ин гирдиҳомоӣ, ҷавонон аз шиъори «Кабирӣ хоин» ,»ҳизби назҳат террорист» ва «мо бо пешвои миллат» истифода кардаанд. Навори чанддақиқагӣ ҳам аз ҷараёни ин гирдиҳамоӣ дар фейсбук нашр шуд.
Ин нахустин маъракаи созмондодаи гирдиҳамоӣ бо чунин талаб нест. Қабланд чандин гирдиҳамоиҳое дар муқобили сафоратхонаҳои Олмону Амрико ва намояндагии САҲА созмон дода шуда буд ва «ҷавонони фаъол» аз депломатҳои ғарбӣ ва амрикоӣ талаб мекарданд, ки Додоҷон Атовуллоев, Муҳиддин Кабирӣ ва Абдумалик Абдулоҷонов ба ватан баргардонида шаванд.

«Хафтаномаи Точикистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *