home Руйдодхо Нигаронии президент аз афзоиши ҷинояткорӣ дар Хатлон

Нигаронии президент аз афзоиши ҷинояткорӣ дар Хатлон

Зимни суханронӣ  дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар ноҳияи Ёвон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар вилояти Хатлон нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид доштааст, ки бахусус дар давоми се соли охир ҷинояткорӣ нисбат ба солҳои қаблӣ бештар ба қайд гирифта шуда, агар дар вилоят соли 2011 –ум 3750 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, ин рақам соли 2015 ба 5700 расидааст, вале кушодашавии ҷиноятҳо аз 91 то 88 фоиз паст шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба солҳои гузашта содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, қаллобӣ (зиёда аз 2 баробар), авбошӣ (қариб 3 баробар), муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои характери экстремистидошта ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин (беш аз 4 баробар) зиёд шудааст.

Президент бар ин назар аст, ки яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни наврасону ҷавонон диққати доимӣ ва аввалиндараҷа додан ба беҳдошти шароити муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо ва торафт беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, яъне баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад.

Сарвари давлат ҳамчунин қайд кардааст, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят баъзе мактабҳо то ҳанӯз дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо, биноҳои садамавӣ ва ҳатто биноҳое, ки солҳои сиюму чилуми асри гузашта сохта шудаанд, ҷойгиранд. Президент дастур дод, ки ин ҳолат базудӣ бартараф карда шавад.

Э.Раҳмон ҳамзамон зикр кард, ки ҳоло нисбат ба 435 нафар сокинони вилоят барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. «Ин намуди ҷиноятро бештар сокинони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳритус, Бохтар, Қубодиён, Вахш, Ҷалолиддинӣ Балхӣ содир мекунанд ва дар байни онҳо 11 нафар сокинони ноҳияи Ёвон низ ҳастанд», — гуфт президент.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, аз вилояти Хатлон 46 оила иборат аз 160 нафар дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои Сурия ва Ироқ иштирок дошта, ҳатто аз як оила 7 нафар шахсони калонсол ва 7 нафар кӯдакони ноболиғ дар Сурияву Ироқ қарор доранд.

Сарвари давлат аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, волидону омӯзгорон ва дигар шаҳрвандони обрӯманду бонуфузи кишвар даъват ба амал овард, ки худро канор нагирифта, барои пешгирии терроризм ва ифротгароӣ миёни ҷавонон саҳм гузоранд.

news.tj

157 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *