home Руйдодхо Раиси шаҳри Хуҷанд: ВАО минбари омма аст

Раиси шаҳри Хуҷанд: ВАО минбари омма аст

Дар маҷлисгоҳи ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода Иди матбуот таҷлил гардид, ки дар он собиқадорони соҳа, журналистону хабарнигорон, роҳбарони воситаи ахбори оммаи шаҳру вилоят ва намояндагии расонаҳои марказӣ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми кормандони расонаҳои иттилоотиро бо ин санаи неки касбӣ табрик намуда, саҳми эҷодкорон ва журналистонро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ муҳим ва назаррас баҳогузорӣ намуд.

«Яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон ин арзи ҳастӣ намудани расонаҳои гуногуни иттилоотӣ буда, изҳори назару андешаҳои бунёдкорона ва созанда тариқи ин минбари омма аст», — иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин раиси шаҳри Хуҷанд ба иштирокдорони ин чорабинӣ доир ба нақшаю дурнамои ҳукумати шаҳр ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва корҳои ободонию созандагӣ сӯҳбат намуд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба наздики 60 нафар журналистон ва кормандони воситаи ахбори омма тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Аз номи журналистон ва иштирокдорони ин чорабинии идона мухбири махсуси газетаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Ҷовиди Аштӣ барои таваҷҷӯҳу қадрдонӣ ба давлату ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд.

ASIA-Plus

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *