home Руйдодхо Видео: Сехи дузандаги

Видео: Сехи дузандаги

Сокини дехаи Чорбог, чамоати дехоти ба номи Вайсови нохияи Восеъ, Марчона Намозова, барои духтани курта, дигар ба маркази нохия намеравад.  Дар дехаи онхо корхонаи дузандаги ташкил шуд.  Марчона   либоси писандидаашро   ба  корхонаи навташкили дузандагии деха овард.  Дар ин чо,  духтарон  аз руи хохиши Марчона  фармоиши уро  кабул карданд.

Корхонаи дузандаги, аз ду хучра иборат буда, дар ду баст, 30 нафар духтарон,  паси  чунин  мошинахои дарздузи нишаста  кор мекунанд. Дар деха хонае нест, ки мошинаи дарздузи надошта бошад. Ба  корхона, хар як нафар,    мошинаи худашро  овардааст.  Кори дастаъчамъи  барои духтарон писанд  аст.

Рохбари корхонаи дузандаги  Гуландом Гиёева  мебошад. Бо мурочиати у ва дасгирии раиси махала дар ин деха  ин корхона ташкил карда шуд. Ташкили корхонаи дузандаги орзуи духтарони дехаро амали гардонд.

Назди корхонаи дузандаги, духтарон  бозорчаи хурде ташкил намуданд. Ин чо махсулотхои  дар корхона  таёршуда,  ба фуруш бароварда мешаванд. Дар  бозорча хам нон дастрас кардан мумкин хасту хам либос. Гуландом ,муддати се сол мешавад,  ки ба  фаъолияти сохибкори машгул аст. У хунари хуби нонпази ва каноди хам дорад ва орзу дорад, ки ин хунарашро хам ба духтарони дехот омузонад ва дар деха сехи каноди ташкил намояд.   Ин куртахо махсули  дастони  духтарони корхонаи дузандаги мебошанд. Куртахо, вобаста ба талаботи бозор замонави таёр карда шудаанд. Баъди намоиши ин либосхо барои аз худ намудани хунари дузандаги, дар деха  хохишмандони зиёд пайдо шуданд. Барои омузонидани хунари дузандаги, назди корхона курси омузиши хунари дузандаги хам ба рох монда шуд.

Корхонаи дузандаги назди кумитаи махал фаъолият менамояд. Раиси махала  бо шароити коргарон шинос аст.Дар таъмини мошинахои нави замонавии дарздузи, мизу курсихо, корхона   ба дасгирии сохибкорон ниёз дорад. Хохиши  духтаронро ба инобат гирифта, сохтмони бинои дуошёна барои корхонаи дузандаги дар накшаи  кумитаи махал хаст.  Бо дасгирии макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, барои  сохтмони бино замин чудо карда шуд. Сохтмони бино бошад бо чалби сохибкорон,   шуруъ мегардад.

mavji-ozod.tj

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *