home Руйдодхо Талаби тафтиши воқеъбинонаи қазия дар оромгоҳи Хованское

Талаби тафтиши воқеъбинонаи қазия дар оромгоҳи Хованское

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сафири Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов талаб намуд, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.

Дар маълумоти дар сомонаи Вазорат интишоршуда дар ин робита қайд мешавад, ки вобаста ба ҳаводиси имрӯза дар қабристони Ховански вилояти Москва, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷикистониён шудааст, сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия тадбирҳои бетаъхирро ҷиҳати аниқ кардани мушаххасоти воқеа ва оғози тафтишот аз ҷониби мақомоти марбутаи Россия анҷом дод.

«Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии кишвар аз сафири Россия дар Тоҷикистон талаб намуд, ки дар бобати тафтишоти объективонаи ҳодиса ва ба ҷавобгарии қатъӣ кашидани ашхоси гунаҳкор чораҳои фаврӣ андешад.

Зимнан зикр мегардад, ки Вазорат ва намояндагии дипломатии кишвар дар Москва бо мақомоти марбутаи Россия дар тамоси доимӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май дар занозании оромгоҳи Хованское дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Зиёда аз 90 иштирокдорони занонзанӣ, аз ҷумла гумонбарони куштор дастгир шуда, беш аз 20 нафар иштирокдорони ин занозанӣ бо захмҳои гуногун ба беморхонаҳои наздик ба макони ҳодиса расонида шуданд.

Ҳамчунин доир ба ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Колоколтсев В.А.  ду маротиба тариқи телефон суҳбат кард.

Ҳамчунин раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург ният дорад, ки бо раҳбарияти олии Русия ҷараёни тафтиши занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскавро баррасӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеъи худ иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи зодагони Қафқозро, ки дар оромгоҳи шаҳри Маскав ба муҳоҷирони тоҷик дарафтоданд, худи тоҷикон киро кардаанд.

news.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *