home Руйдодхо Тасдиқи рамзи ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон

Тасдиқи рамзи ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад.

Гуфта мешавад, рамзи мазкур барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

news.tj

231 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.