home Руйдодхо Тоҷикистон 6 зина кишвари «хушбахттар» шуд

Тоҷикистон 6 зина кишвари «хушбахттар» шуд

Дар раддабандии ҳамасолаи кишварҳои хушбахти дунё (World Happiness Report) Тоҷикистон дар мақоми 100-ум ҷой гирифтааст. Соли 2015 Тоҷикистон дар зинаи 106-уми ин рейтинг қарор дошт.

Рейтинг аз ҷониби коршиносони Шабакаҳо ҳамчун тавсия зимни қабули қарор дар соҳаи рушди устувор барои СММ таҳия шудааст.

Чандин сол аст, ки Дания пешсафи ин раддабандӣ буда, ҳамроҳи он Швейтсария, Исландия, Норвегия, Финландия, Канада, Нидерланд, Зеландияи Нав, Австралия ва Шветсия ба 10-гонаи кишварҳои хушбахттарини дунё шомиланд.

Дар ин рейтинг ИМА дар зинаи 13-ум, Олмон — 16-ум, Британияи Кабир — 23-юм, Франсия — 32-юм ва Русия — мақоми 56-ум ҷой гирифтаанд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон мақоми 49-ум, Қазоқистон — 54-ум, Туркманистон — 65-ум ва Қирғизистон — зинаи 85-умро ишғол кардаанд.

Кишвари бадбахттарини дунё давлати Бурунди дар Африқои Шарқӣ (зинаи охирини 157-ум) дониста шуда, ҳамчунин Сурия (зинаи 156-ум), Того (155-ум) ва Афғонистон (154-ум) дар ҷойҳои охирини рейтинг қарор гирифтаанд.

Муаллифони гузориш тақрибан миёни 3 ҳазор нафар дар ҳар як кишвар назарсанҷӣ гузаронида, аз пурсидашудагон дархост кардаанд, ки аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо ба ҳаёти худ баҳогузорӣ кунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола санаи 20 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии хушбахтӣ (International Day of Happiness) ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн 12 июли соли 2012 аз ҷониби Маҷмаъи Умумии СММ эълон шудааст.

Моҳияти ҷашн дар он ифода меёбад, ки майлу хоҳиш ба некӯаҳволии хубтар барои ҳамаи сокинони сайёра умумӣ аст. Ташаббускори ҷорӣ шудани ин рӯз давлати Шоҳигарии Бутан мебошад. Ин пешниҳод бидуни овоздиҳӣ аз ҷониби 193 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфта буд.

ASIA-Plus

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *