home Ҳодисаҳо Тоҷикону қафқозиҳо барои пул муноқиша кардаанд

Тоҷикону қафқозиҳо барои пул муноқиша кардаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки муноқиша миёни муҳоҷирони тоҷик бо зодагони Қафқоз назди яке аз мағозаҳои ноҳияи Бирюлеволи шаҳри Маскав, ки бар асари он сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуд, барои пул ба вуқӯъ пайвастааст.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз қавли шаҳрвандони Тоҷикистон зодагони миллаташон қафқозӣ аз муҳоҷирони тоҷик пул талаб карда, вақте онҳо рад мекунанд, муноқишаву занозанӣ оғоз мегардад.

«Панҷ нафар зодагони Қафқоз ба чор тан аз ҳамдиёрони мо дарафтода, ду нафари онҳоро бо зарбаи корд захмӣ кардаанд. Яке аз захмишудагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарӣ дар бемористон бистарӣ аст», — гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 105 КҶ ФР (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. «Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷараёни тафтиши ин қазияро пайгирӣ мекунад», — афзуд сухангӯи сафорат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ин муноқиша сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуда, шаҳрванди дигари Тоҷикистон — Рӯзибек Самронов бо корд захмӣ шуд. Р.Самронов дар дармонгоҳи ба номи Склифосовский бистарӣ буда, таҳти муолиҷа қарор дорад. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят аллакай ду нафар боздошт шудаанд.

news.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *