home Руйдодхо Устодони донишгоҳи Кӯлоб «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба додгоҳ кашиданд

Устодони донишгоҳи Кӯлоб «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба додгоҳ кашиданд

Як гуруҳ аз устодони Донишгоҳи давлатии Кулоб барои гирифтани маоши думоҳаашон аз «Тоҷиксодиротбонк» ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.

Бахтиёр Сафаров, яке аз ин устодон мегӯяд, то ҳол маоши моҳи январ ва февралашро нагирифтааст.

«Як қисми устодон тавассути шиносҳояшон маоши худро гирифтанд. Вале пули нафароне, ки шинос надоранд, дар кортҳои бонкӣ мондаасту ягон банкомат пули нақд надорад. Вақте ба бонк муроҷиат мекунем, мегӯянд, ҳоло пул несту кӯмаке карда наметавонем. Аз ин рӯ, ман ба додгоҳ шикоят бурдам ва ҳамкорон ҳамроҳ шуданд, — гуфт вай.

Намояндагони «Тоҷиксодироткбонк» дар шаҳри Кӯлоб ҳам пардохт нашудани маоши гуруҳи устодони донишгоҳро тасдиқ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир бонк пули нақд надорад, то маоши устодонро диҳад.

Онҳо мегӯянд, шояд бо таъйин шудани раҳбарияти нав вазъи молии «Тоҷиксодиротбонк» беҳбуд ёбаду маоши устодон дар рӯзҳои наздик пардохт шавад.

Бинобар мушкилоти молӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳоло дар ин бонк роҳбарияти муваққатӣ таъйин кардааст.

» Ҳар рӯз 10-20 устод меояд. Лекин дар хазина пулнест. Агар бошад чаро надиҳем. Ҳоло роҳбарияти муввақатӣ таъйин шудааст ва эҳтимол аз моҳҳои июн пул шавад ва ҳатман пули муштариён, аз ҷумла устодони донишгоҳ пардохт мешавад”- гуфт намояндаи бонк.

8 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *