home Бойгони Видео: Ансамбли фолклорӣ-этнографии бо номи «Чашма»

Видео: Ансамбли фолклорӣ-этнографии бо номи «Чашма»

Ансамбли фолклорӣ-этнографии бо номи «Чашма»

Дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ, ки роҳбарии онро Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев ба ӯҳда дошт, як ансамбли фолклорӣ-этнографӣ бо номи «Чашма» амал мекард.

Санаи дақиқи таъсиси ансамбл соли 1969 мебошад. Роҳбари ансамбл Зариф Наҷмиддинов, яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи кишвар ба ҳисоб мерафт. Қурбоналӣ чанд муддат солисти ин ансамбл буд.

Баъди дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидани Зариф Наҷмиддинов масъулияти роҳбарии ансамблро ба ӯҳдаи Қурбоналӣ Рахмонов вогузор мекунанд.

Ансамбл таҳти роҳбарии Қурбоналӣ сафарҳои зиёде ба хориҷ аз кишвар дошт.  Барои хизматҳои хубаш соли 1986 ба Қурбоналӣ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор медонанд.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ноамниҳо дар Тоҷикистон колхози овозадори Миралӣ Маҳмадалиев низ фурӯпошӣ мешавад.

Ансамбл чанд муддат зери ҳимояи моли заводи пахтаи Восеъ фаъолият кард. Ҳатто таҳти унвони «Эҳёи «Чашма» соли 1994 дар кохи Борбад як консерте низ ба намоиш гузошта шуд.

Вале ба сабаби камбуди молӣ ансамбли «Чашма» аз фаъолият бозмонд.

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *