home Руйдодхо Видео: Чашни Вахдати милли — Фархор

Видео: Чашни Вахдати милли — Фархор

Сокинони нохияи Фархор, мисли дигар шахру нохияхои чумхури,  бо шукронаи сулху   суббот ва оромиву осудагии кишвар  чашни  19 умин солгарди  Вахдати  миллиро  бо корхои созандагиву бунёдкори  истикбол гирифтанд.

Дар доираи чорабинихо бахшида ба Рузи Вахдати милли, Рузи 25 июн дар маркази нохия виставка фуруши махсулотхои кишоварзи доир гардид. Аз хамаи чамоатхои дехоти нохия, дар ин руз махсулотхои кишоварзи  бо  нархи аз бозор  пастар пешкаши сокинони нохия гардонида  шуданд.

Дар гушаи дигари  чашнвораи идона, хунармандони нохия, махсули хунархои худро ба намоиш гузоштанд.

Вокеъаи дигари фарахбахш, дар нохияи Фархор,  ба муносибати 19 умин солгарди   Вахдати милли  ва 25 умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, ин  ба истифода додани бинои нави Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар ин  нохия  мебошад.

Бинои Агентии сугуртаи ичтимои ва нафака дар нохияи Фархор  бо маблаггузории Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхури  бо маблаги 1 милиону 963 хазору 589 сомони сохта шудааст. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои кормандон  шароитхои  хуби  кори таъмин  карда шудааст.

Дар ин руз  бахшида ба 19 умин солгарди Вахдати милли дар толори касри фарханги нохия чамъомади тантанави  доир гашт. Дар ин чамъомад  раиси нохияи Фархор, изхор намуд, ки бахри амалигардии хадафхои Хукумати Чумхури, сокинони нохияро зарур аст, ки  кору пайкори созанда ва мехнати арзандаро дар махали зисти худ ба рох монда, вахдату ягонагии миллатро пойдор ва корхои созандагиву бунёдкориро чонок намоем.

Дар ин рузи фаромушнопазир барои иштироки фаъолона дар хаёти фархангии нохия ва голиби  фестивал озмуни Чумхурияви тарануми истиклол ба ифтихори 25 солагии  истиклолияти давлатии чумхурии Точикистон, ба Дилангез Латифова  ифтихорномаи Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон  такдим карда шуд.

Чорабинии  идона  бо намоиши  барномаи консертии хунармандони шуъбаи фарханги нохия ба анчом расид.

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *