Чемпионхо яку якбора руи сахна намеоянд. Тахкурсии онхо аёми навраси огоз меёбад.
Сокини дехаи Рохи нав,чамоати дехоти Дехконарик, Фарход Муродов, рузхои чашни 25 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, ки дар чемпионати Осиё, оид ба варзиши якхарбаи шарки Муайтай ки дар шахри Алма-ато Чумхурии Казокистон, аз 27 то 30 сентябр байни наврасон шуда гузашт, иштирок намуда ба гирифтани чои аввали ин мусобика мушараф гардид.
Бахшида ба ин мувафакияти Фарход, баланд бардоштани рухияи у ва дар оянда мувафак гардидан дар дигар мусобикахои байналмиллали, дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №8 ки Фарход он чо тахсил менамояд, чорабинии идона доир гардида, ин муввафакияти чемпионро, бо суханхои нек ва карсакзанихо истикбол намуданд.
Якхарбии муайтай соли дуюм аст, ки дар толори варзишии ин мактаб машк дода мешавад. Шогирдони ин мактаб дар ин муддат дар мусобикахои байналмилали иштирок намуда, сохиби се медал, медали нукраи чемпионати чахон, медалхои биринчи дар чемпионати Осиё ва инак имсол сохиби медали тилло шуданд.