home Руйдодхо Видео: Кишти пунбадона – Восеъ

Видео: Кишти пунбадона – Восеъ

Барои ичрои   накшаи дурнамои кишти пунбадона ,  дар  хочагихои дехкони дар нохияи Восеъ   корхои сахрои муташакилона  ба  рох монда шудааст. Хочагии дехконии ба номи Абдулахад, дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов, 12 гектар заминро истифода менамояд.  Дар майдони  9 гектар  замин,   хочагидорон  имсол  пунбадона  кишт намуданд.

Дар ин хочаги замин самаранок истифода бурда мешавад. Гайр аз пахта     дар майдони 2 гектар  навъи нави  тухмии гандум  кориданд. Ин навъи тухми серхосил буда барвакт мерасад. Баъди чамъоварии хосил хочагидорон дар хамин замин кишти такрори гузаронидани хастанд.

Дар ин чамоати дехот бисёр хочагихо кишти пунбадонаро барвакт ба анчом расониданд. Дар хочагии дехконии ба номи Холбозор  миёнахои мохи март кишти пунбадона ба анчом расонида шуд. Дар майдони 12 гектар, баъди 20 руз   нихолхои пахта сабзида дубарга шуданд.

Дар ин хочаги 18 нафар сахмдорон кор мекунанд. Каторахои нихолхои пахта  байни сахмдорон таксим карда шудааст. Бехи хар як нихоли пахта каланд  зада, барои нашъунамои  озодонаи  нихолхои    пахта , алафхои бегонаро зада нобуд месозанд.   Аз руи гуфти духтарон шароитхои мехнат дар ин хочаги хуб ба рох монда шудааст.

Бо сабабхои боронгирихо   кишти пунбадона мохи апарел хам дар нохияи Восеъ идома меёбад.  Байни дигар чамоатхои дехот дар кишти пунбадона чамоати дехоти ба номи Абди Авазов пешсаф аст.

Кишоварзони нохияи Восеъ, имсол дар майдони 8 хазору 500 гектар замин  кишти пунбадона  мегузаронад,ки ин назар ба  накшаи соли гузашта 1000 гектар зиёд мебошад.Гузориши Хоча Назриев,Худойназар Зухуров аз нохияи Восеъ барои барномаи итилоотии навид.

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *