home Руйдодхо Видео: Конференсияи августии муаллимон — Восеъ

Видео: Конференсияи августии муаллимон — Восеъ

Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 10 дар нохияи Восеъ ,яке аз калонтарин муассисахои  таълими ба хисоб меравад. Дар ин муассисаи таълими 1533 нафар хонандагон ба тахсил фаро гирифта шуданд. Мактаб ба соли нави тахсил  омодаги дида, хамаи синфхонахо таъмир карда шуданд.

Дар ин муассисаи таълими , дар ин синфхона,  маркази ишкишофи кудак  кушода шуда, 25 нафар  кудакони сини томактаби  ба мактаб  фаро  гирифта  мешаванд. Мизу курсихо  ва дигар  ашё ва бозичахо, ин китобхои  иборат аз расмхои ранга,  хикоя ва афсонахо, барои кудакон оварда шуданд.

Дар нохияи Восеъ,  машварати августии муаллимон, имсол дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 4, дар дехаи Курбоншаиди чамоати дехоти Гулистон доир гашт. Дастовардхои  72  муассисаи таълимии  нохия  дар даврони сохибистиклолии  Точикистон, дар ин руз  ин чо ба намоиш гузошта шуданд. Кисмати тантанавии чорабини, дар толори мачлисгохи хамин муассисаи таълими доир гардид.

Ин толори мачлисгох то хамин давра дар холати вайрона карор дошт. Тирезахо  оина надоштанд.  Бинобар  сабаби  мавчуд набудани дигар шароитхо  дар ин толор  чорабинихо гузаронида  намешуданд.  Толори мачлисгохи ин мактаб, дар давраи таътили  тобистонаи  хонандагон,  бо дасгирии  Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ ва сохибкорони махали, пурра таъмири капитали карда шуд.

Шифти  толор нав карда шуда, хамаи тирезахо шишабанди карда шуданд.  Барои гузаронидани чорабинихои сатхи нохияви , вилояти ва ахамияти чумхурияви дошта, дар толор шароитхои  мусоидро мухаё  намуданд. Дар машварати августии муаллимон, бурду бохти сохаи маорифи нохия, чамъбаст карда шуда, кайд карда шуд, ки хамаи муассисахои тахсилоти  умумии   нохия  ба соли нави тахсил пурра омода мебошанд.

Дар чамъбасти чорабини ба муаллимоне ки шогирдонашон дар озмунхои фаннии вилояти ва чумхурияви иштирок намуда, ба натичахои  хуб ноил гаштанд. Онхо бо ифтихорномаи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия кадрдони карда шуданд.

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *