home Ҳодисаҳо Видео: Ухдадорихои шахрванди — таъмини хукук ва озодии мухочири мехнати дар хоричи кишвар

Видео: Ухдадорихои шахрванди — таъмини хукук ва озодии мухочири мехнати дар хоричи кишвар

«Дониш – сипар» нашри № 18

Мавзу: «Хамкории макомоти хокимияти давлати, ташкилотхои гайритичорати ва ВАО дар пешбурди ухдадорихои шахрванди ва иштироки фаъолона дар хаёти чамъияти ва сиёсии мухочирони мехнати»

Гузориши махус: Ухдадорихои шахрванди  — таъмини хукук ва озодии мухочири мехнати  дар хоричи кишвар.

Сокини нохияи Восеъ, Навруз Рахматуллоев,  максади  сафар ба  Федератсияи Россия дорад. У мехохад,  дар он чо кор пайдо намуда хамчун  мухочири мехнати, аз руи конун,  озодона зиндаги кунад. Маротибаи  аввал муддати  8 мох  дар Федератсияи Россия  кору зиндаги кард.  Хучатхояш хама дуруст буданд.  У мегуяд,  ки дар мухочират бо нафароне вохурдааст, ки ухдадорихои худро ба чо наоварда сарсону саргардон, тарсида мегарданд.

Барои  ба чунин мушкилотхо ру ба ру нашудан  ва  фахмидани хукук ва ухдадорихои худ, Навруз   ба   Маркази машварати, омодаги пеш аз сафар  ташкилоти  гайритичорати   барои маслихат  пурсидан омад. Маркази  машварати, омодаги  пеш аз сафар, ташкилоти   гайритичорати  дар шахри Кулоб,  дар вилояти Хатлон,  ягона  марказе мебошад, ки  хохишмандонро  барои кор ба шахрхои Федератсияи Россия сафарбар  намуда, хукук ва ухдадорихои онхоро  хангоми дар мухочират карор доштан,  ба онхо мефахмонад.

Аз  Маркази  машварати, омодаги пеш аз сафар,  буклетхо дастрас намудан мумкин аст, ки дар онхо оиди хукук ва ухдадорихои  мухочирони мехнати, ба  таври фахмо  навишта шудаанд.  Маркази машварати,  омодаги пеш аз сафар  дар  шахри Кулоб  ба Навруз  дар федератсияи Россия кор пешниход намуд  ва  бо хохиши у  уро ба он чо равон месозад.

mavji-ozod.tj 

Барандаи барнома – журналист Хоча Назриев
Коршиноси барнома: Шохрухи Сайчаъфар  – асистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгохи давлатии ш. Кулоб

Кахрамонхои барнома: Навруз Рахматуллоев
Барнома санаи 29-уми июли 2016 сол соати 10:00 дар СТ «Мавчи Озод» сабт мегардад.
Эхтиромона хохишмандем саволхои худро дар атрофи мавзуи » Хамкории макомоти хокимияти давлати, ташкилотхои гайритичорати ва ВАО дар пешбурди ухдадорихои шахрванди ва иштироки фаъолона дар хаёти чамъияти ва сиёсии мухочирони мехнати « пешкаши коршиносони барнома намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *