home Ҳодисаҳо Видео: Волидонам манро фурухтанд

Видео: Волидонам манро фурухтанд

«Волидонам манро фурухтанд»

«Дониш – сипар» нашри № 19

Мавзу: «Чи тавр шаҳрванд метавонад дар чомеа ба иззати нафси одамон расад?»

 

Гузориши махус: «Волидонам манро фурухтанд»

Сокини шахри Кулоб, Майдагул  Наврузова, ба ташкилоти чамъиятии «Шахрванд» омада, дар хусуси дарёфти сурогаи шавхараш  мурочиат намуд. Соли 2005-ум волидонаш гайри хохиши Майдагул уро ба шахрванди Афгонистон Мулло Олим ба шавхар доданд. Соли 2007-ум онхо сохиби писарча гаштанд. Номашро Мухаммадчон гузоштанд. Мухаммадчон хафтруза шуда буд, ки Мулло Олим хучатеро дар хусуси мудати як хафта аз хоки Точикистон, баромадани Мулло Олим ба Майдагул нишон дод. Ва хамин тавр  баромада рафт ва дигар барнагашт. Мушкилоти зиндаги, тарбияи фарзанд, Майдагулро мачбур сохт  ки  баъди 8 сол  сурогаи шавхарашро чустучу  намояд.   Ташкилоти чамъиятии Шахрванд, дар шахри Кулоб муддати се сол  аз руи лоиха,  дар мавзуъи «хариду фуруши одам», баланд бардоштани сатхи огохии мардум оиди  пешгирии  ин зухуроти номатлуби чахони имруза кор кардааст. Лоиха ба анчом расида бошад, хам дар ин ташкилоти чамъияти  кор дар ин самт идома дорад.

mavji-ozod.tj

Барандаи барнома – журналист Хоча Назриев
Коршиноси барнома: Муродова Гулчехра  – досенти  кафедраи сиёсатшиносии Донишгохи давлатии ш. Кулоб

Кахрамонхои барнома: Майдагул  Наврузова
Барнома санаи 16-уми августи  2016 сол соати 10:00 дар СТ «Мавчи Озод» сабт мегардад.
Эхтиромона хохишмандем саволхои худро дар атрофи мавзуи » Чи тавр шаҳрванд метавонад дар чомеа ба иззати нафси одамон расад « пешкаши коршиносони барнома намоянд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *