Дар нохияи Восеъ, Шурои собикадорони чангу мехнати нохия икдоми начиберо пеш гирифтанд. Бо чалби шахсони рузгордида, намояндагони ташкилотхои чамъияти гурухи кори ташкил намуда, дар чамоатхои дехот бо собикадорони мехнат, чавонон ва наврасон вохурихо доир менамоянд.
Вохурии аввал дар чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев ба мавзуъхои чалб намудани духтарон ба мактаб, ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандон дар рухияи ватанпарасти, рафти ичрои конуни Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо барои иштирокчиёни ин чамъомад хотирмон гузашт.
Дар ин чорабини собикадорони мехнат назди чавонон аз тачрибаи даврони чавонии худ, аз фидокорию созандаги дар майдони мехнат аз корнамоии худ барои ободии ватан баромад намуданд.
Онхо чавонону наврасонро даъват намуданд, ки бегонапарасти накунанд, хонанд, касбу хунар омузанд. Сохибмаълумот гашта дар ободу зебо гардонидани Точикистони сохибистиклол хар кадоме сахми арзандаи худро гузоранд.
Бо дастгирии Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия, Шурои собикадорони чангу мехнат барои маслихату дастгири ва сахм гузоштан дар самти корхои ободонию созандаги, собикадорони мехнатро бо тухфахои хотирави кадрдони намуданд..Чунин вохурихо дар дигар чамоатхои дехот гузаронида мешаванд.