home Ҳодисаҳо Видео: Ё часорат намерасад ё донишхои касби…

Видео: Ё часорат намерасад ё донишхои касби…

Мавзу: «Нақши ВАО дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии коргарон ва насли чавон оид ба андеша ва ҳадафхои хариду фуруши одамон»

«Дониш – сипар» нашри № 16

Хабарнигори  нашрияи  чамъияти сиёсии « Кулябская правда», Зафар Муродов,    аз   мухочирати   мехнати  аз  чумхурии Украина    баргашт.    Дар мухочират,  хамрохи 137 нафар хаватанонаш муддати як сол кор кард.   У медид, ки   корфармоён  чи гунна уро ва дигар мухочиронро  истисмор мекунанд. Зафар  мефахмид,ки ин хариду фуруши одам аст ва  хамчун журналист,  мехост, ки  ин холатро тавасути рузномахо инъикос  намояд, лекин  шарикони у  бо сабаби он ки вазъияти онхо аз ин холат  бадтар  нашавад, гуфта  инро нахостанд. Зафар Муродов, баъди бозгашт ба Точикистон дигар ба ин мавзуъ даст назад. Аз руи маълумоти директори  ин нашрия Рустам Одинаев дар «Кулябская правда» оиди  ин мавзуъ хабарнигорон  макола нанавиштаанд. Сабаби  ба ин мавзуъ даст назадани рузноманигоронро  Зафар чунин шарх медихад: Ё часорат намерасад ё донишхои касби…

Гузориш махсус «Ё  часорат намерасад ё донишхои касби….» барои барномаи «Дониш — сипар» № 16  тайёр карда шудааст .
Барандаи барнома – журналист Хоча Назриев
Коршиноси барнома: Шохрухи Саидджаъфар – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгохи давлатии ш. Кулоб

Кахрамонхои барнома: Зафар Муродов  — журналист
Барнома санаи 29-уми июни 2016 сол соати 10:00 дар СТ «Мавчи Озод» сабт мегардад.
Эхтиромона хохишмандем саволхои худро дар атрофи мавзуи » Нақши ВАО дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии коргарон ва насли чавон оид ба андеша ва ҳадафхои хариду фуруши одамон « пешкаши коршиносони барнома намоянд.

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *