home Руйдодхо Видео: Заминхои Мирзокадам — Восеъ

Видео: Заминхои Мирзокадам — Восеъ

Сокини дехаи Чаврези чамоати дехоти ба номи Абди Авазови нохияи Восеъ, Маднаби Хомидов, шугли хамарузааш, кори дехкони аст. Бобои Маднаби заминро самаранок ва окилона истифода намуда, зироатхои гуногун кишт карда хосили баланд ба даст меорад.

Аз руи мушохидаи у хосили бодиринг назар ба соли гузашта хубтар аст. Рузхои наздик ба чамъоварии хосили бодиринг шуруъ намуда, бозори нохияи Восеъро бо ин махсулоти тару тоза фаровон месозад.
Дехкони шугли писандидаи давраи чавонии Маднаби Хомидов буд. Баъди ислохоти замин ва тачдиди колхоз, дар асоси сахми замин соли 2007-ум у дар масохати 2 гектару 70 сотих замин хочагии дехконии ба номи Мирзокадамро ташкил кард. Дар заминхои ин хочаги тамоми махсулотхоро дидан мумкин аст. Тарбузи ин замин мохи июл ба бозор бароварда мешавад.

Дар ин хочагии дехкони, дехконон аз кишти такрори васеъ истифода менамоянд. Баъди чамъоварии хосили пиёз, шоли кишти такрори мебошад. Заминхо аз оби панч ба воситаи насосхо обёри карда мешавад.

Дар ин чо мушкилоти оби полези мавчуд нест. Оби дарёи панч хунук буда, зироатро сергизо мегардонад. Хочагидорон аз кишти сабзи имсол хосили хуб гирифтанд. Хосили кишти картошка хам бад нест.
Дар хочагии дехконии ба номи Мирзокадам пахта зироати асоси мебошад. Нашъунамои нихолхои пахтаи ин хочаги назар ба дигар хочагихои дар дехаи Чаврез буда хубтар аст.

Ба ин замин як маротиба гизо дода шуда, як маротиба об мондаанд.
Дар замини хочагии дехкони, фарзандон хамрохи падар кор мекунанд. Барои ин оила замини хочагии дехкони Сарчашмаи асосии даромад ба хисоб рафта, онхо дар паи хар чи зиёдтар гирифтани хосил хастанд.

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *