home Руйдодхо Видео: Зимистонгузаронии мактабхо — Восеъ

Видео: Зимистонгузаронии мактабхо — Восеъ

Дар чамоати дехоти Тугараки нохияи Восеъ, дурдастарин мактаб,муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №24 вокеъ  дар  дехаи Карагоч  ба  мавсими гармидихи шуруъ  кард.  Хамаи синфхонахо  бо  хамин гуна печхои алови таъмин хастанд.  Дар анборхои мактаб, хамин кадар хезуму ангишт захира карда шудааст, ки ба гуфти муаллимон барои  тамини синфхонахо бо гарми  дар давраи тирамоху зимистон   басанда аст.

 zimistonguzaroni8

   zimistonguzaroni5  

Дар  ин муассисаи таълими  204 нафар хонандагон  дар панч синфхона   дар ду баст  ба тахсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи хонандагони синфи якум 21 нафаро ташкил медихад.  Давраи зимистон, ки хунук аст,  дар таъмини сузишвори волидони кудакон  хам  ба мактаб кумак мерасонанд.

zimistonguzaroni1

zimistonguzaroni3

Бинои ин муассисаи таълими  30 сол пеш аз чуб сохта шудааст. Системаи гармидихии буги кубурхояш  хамин хел  истодаанд. Агар гармхонаи мактаб таъмир карда шавад системаи гармихии буги  кор карда синфхонахо гарм  нигох дошта  мешаванд.

zimistonguzaroni4

zimistonguzaroni6

Дар давраи тирамоху зимистони имсола барои гарм нигох доштани синфхонахо бисёр мактабхои нохия  аз  системаи гармидихии буги  истифода менамоянд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №33 вокеъ дар дехаи Гулободи чамоати дехоти ба номи Абди  Авазов, соли дуюм мешавад, ки  аз чунин система истифода менамоянд.

zimistonguzaroni2

zimistonguzaroni7

Кубурхои гармидихии буги аз хамаи синфхонахои мактаб мегузаранд. Ховои синфхонахо доимо муътадил нигох дошта мешавад.

zimistonguzaroni

mavji-ozod.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *