home Ҳодисаҳо Як афсари тоҷик дар марз бо Афғонистон кушта шуд

Як афсари тоҷик дар марз бо Афғонистон кушта шуд

Як марзбони тоҷик дар даргирӣ бо Толибон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуд.
Кумиати давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи шанбе хабар дод, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргирие рух дода, марзбони тоҷик , прапоршик Суҳроб Сафолов дар он кушта шудааст.
Дар ин даргирӣ як аъзои дастаи толибон мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар захмдор шуд.
Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, гуруҳи мусаллаҳи 9-нафарае, ки 5 март бо марзбонони тоҷик дар наздикии дидбонгоҳи «Панҷ» даргир шуд, ба ҳаракати ифротгарои Толибон тааллуқ дорад.
Раиси ноҳияи Имом-Соҳиби Афғонистон Амонуддин Қурайшӣ мегӯяд, қитъаи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон дар ноҳияи Имом-Соҳиб зери назорати Толибон аст. Ба гуфтаи Қурайшӣ, Толибон дар ҳоли ҳозир 30 дарсади ноҳияи Имом-Соҳиби вилояти Кундузро зери назорат доранд.

142 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *