Сокини дехаи Чорбог, чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсови нохияи Восеъ, Саттор Мачидов ин ассоро аз бобо ва бобокалонаш хамчун мерос аз гузаштагон то имруз нигох медорад. Ассо таърихи кадима дорад.Соли сохта шуданаш номаълум аст. 116 сол ин чониб, дар ин оила аз насл ба насл нигох дошта шудааст.
Ин ассо намунаи кори хунармандони точик буда,бо санъати баланд сохта шудааст. Накшу нигори дикатчалкунанда дорад. Вазнаш сабук аст.Охани нуги найзамонанди ассо аслаш нигох дошта шудааст.
Дар хонаи Сатор Мачидов дар баробари ассо, ин табаки калони чуби аз даврахои пеш нигох дошта шудааст. Бо фаро расидани фасли зимистон барои таёр намудани таоми милли курутоб табакро шуста омода менамоянд. Мегуянд,ки гирди ин табак дах то 15 нафар менишастанд.