home Руйдодхо Видео: Барномаи рушди СММ — Восеъ

Видео: Барномаи рушди СММ — Восеъ

Дар мусоидат бо макомотхои  ичроияи хокимияти давлатии нохияхо ва дастгирии Барномаи  Рушди Созмони Миллали Муттахид бо маблаггузории Федератсияи Русия  лоихаи  «Баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми  дехот, дар  нух нохияи Чумхурии  Точикистон»     амали карда шуд.  Восеъ,  яке аз ин нохияхо мебошад. Бо максади  шиносои бо   корхои  анчомдодашуда,   рузи 11 декабр соли 2017  дар хузури  муовини раиси нохияи Восеъ, вохури бо  намояндагони васоити ахбори омма  доир гардид.  Аз хусуси корхои анчомдодашуда дар доираи ин лоиха  рузноманигорон маълумот  гирифтанд.

Барномаи рушди СММ 01

Барномаи рушди СММ 03

Барномаи рушди СММ 04

Барномаи рушди СММ 05

Барномаи рушди СММ 06

Дар доираи ин лоиха, дар нохияи Восеъ, корхое ба анчом расонида шуданд,ки дар баланд бардоштани сатхи некуахволии сокинони дехот мусоидат намудааст.  Бо дастгирии ин лоиха дар Литсеи касби техники,   барои омузиши хунари адрасу атласбофи,  ин синфхона  навсози карда шуда,  бо тачхизотхои  лозима барои омузиши ин хунар мучахаз гардонида шуданд.Занон ва духтарони хонашини дехот барои омузиши ин хунар  ба ин  чо фаро гирифта шуданд. Аз руи дархост зиёда аз 100 нафар  хохишмандон  ба омузиши касбхои адрас ва атласбофи,  ва сантехник – челонгари  чалб карда шуда,зиёда аз 50% онхо ба чойхои кори таъмин карда шуданд. Дар айни хол омузиши 18 нафар хохишмандон бо омузиши касби адрасбофи чараён дорад.

Барномаи рушди СММ 47

Барномаи рушди СММ 48

Барномаи рушди СММ 49

Барномаи рушди СММ 50

Таъмири иншооти иригатсиони новаи обгузар дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов бо маблаги 53 хазору 645, 36 доллар ба итмом расид.Ин новаи обгузар  дарозиаш 240 метро ташкил дода,  масохати 48 метри он аз кор баромада буд. Таввасути  ин новаи обгузар заминхои 357 хочагихои дехкони обёри карда мешаванд.80% заминхои кишоварзии чамоати дехоти ба номи Абди Авазов ва 20 % заминхои корами чамоати дехоти Гулистон тавасути хамин нова обёри карда мешаванд.

Барномаи рушди СММ 42

Барномаи рушди СММ 43

Барномаи рушди СММ 45

Барномаи рушди СММ 46

Дар самти  истифодаи самараноки замин солхои охир истифода аз гармхона фоидаовар гаштааст.Бо дастгирии барномаи рушди Созмони миллали мутахид дар чамоати дехоти Тугарак дехаи Чордара ин гармхонахо сохта мавриди истифода карор дода шуданд.дар ин гамрхонахо 12 нафар занони  хонашини дехот ба кор чалб гардиданд. Гармхона дар хочагии дехконии ба номи Бобои Барот сохта шудааст.Ин хочаги вазифадор карда шудааст,ки тухмихои хушсифатро истифода намуда, аз хосили даромади гармхона минбаъд гармхонаи нав созад. Аз чониби мутахассисон ин тачриба омухта шуда минбаъд дар дигар дехахои ин чамоати дехот чунин гармхонахо сохта  мешаванд.

Барномаи рушди СММ 32

Барномаи рушди СММ 34

Барномаи рушди СММ 39

Барномаи рушди СММ 41

Зери лоихаи гранти «Рушди занбурпарвари ва истехсоли асал бо чалби занон аз оилахои камбизоат» 21 нафар занони дехот ба омузиши занбурпарвари ва истехсоли асал чалб шуда хар яке аз занон сохиби 2 оилаи занбур гардиданд.Бо ин восита ин занон ба кори доимии асалпарвари таъмин гардиданд.ташкилоти чамъиятии Умед, ният дорад, ки боз 40 нафар занони дехотро дар солхои оянда ба омузиши занбурпарвари ва истехсоли асал чалб намуда хар яке аз занонро бо 2 оилаи занбур таъмин намояд.Дар накша хаст,  ки  хамаи ин занон фаъолияти занбурпарвари ва истехсоли асалро идома дода дар оянда шумораи оилахои занбуро зиёд намуда сохибкориро дар ин самт идома медиханд.

Барномаи рушди СММ 26

Барномаи рушди СММ 29

Барномаи рушди СММ 30

Барномаи рушди СММ 31

Бо максади   дастраси ба карзхои хурди имтиёзнок, тибки лоиха, дар маркази нохия  бонки хурди «Сарвати Вахш» кушода шудааст. Ба сокинон карзхои имтиёзноки хурд,  12% дар муддати як сол барои икдом ва рушди сохибкори  дода шуда, дастгири ёфтанд.Тахти ин ташабус 401 нафар (165 зан) аз нохияи восеъ бо карзхои хурди мухлатнок бо фоизи паст дастраси пайдо карданд.Инчунин тахти ин ташабус 137 нафар (65 зан) аз нохияи Восеъ ба воситаи сохибкори барои худ чойхои нави кори созмон доданд.Барои ичрои ин фаъолиятхо дар нохияи Восеъ 150 хазор долари амрикои сарф шудааст.Ичроиши ин лоиха 100% ба итмом расидааст.

Барномаи рушди СММ 20

Барномаи рушди СММ 23

Барномаи рушди СММ 24

Барномаи рушди СММ 25

Таварали Зарифов аз дехаи Заркамари чамоати дехоти ба номи Вайсов аз маркази «Сарвати вахш» маблаги 6 хазор сомони  карз гирифт. Тавасути  маблагхои гирифтааш ин сехро кушод. Ба истехсоли дару тирезахои пластики машгул аст. Хамчун сохибкори инфироди,аз даромади ин сех ошхона сохтааст.Таварали минбаъд  максад дорад,ки дар оянда самти фаъолияташро васеъ менамояд.

Барномаи рушди СММ 13

Барномаи рушди СММ 15

Барномаи рушди СММ 16

Барномаи рушди СММ 19

Бо максади бехбуди бахшидани замин  ва обёрии заминхо ба чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабов ин экскватор харидори карда дода  шуд.  Рохбарияти чамоати дехот, дар сухбат бо рузноманигорон иброз намуд, ки аз мавчуд набудани чунин  техника хочагидорон душвории зиёд доштанд.Дастраси ба ин техника мушкилоти асосии  хочагидоронро  дар ин самт хал кард.Заминхои хочагихои ин чамоати дехот тавасути дарёи яхоб обёри карда мешаванд.

Барномаи рушди СММ 07

Барномаи рушди СММ 08

Барномаи рушди СММ 09

Барномаи рушди СММ 10

Барномаи рушди СММ 12

Дар доираи лоихаи «Баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми дехот» фаъолияти   барномаи  рушди Созмони миллали мутахид  идома доранд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *