Дар дехаи Хочагалтони чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсови нохияи Восеъ ин нуктахои оби нушокиро сокинон интизор буданд. Бо пешниходи чамоати дехот ва дастгирии сохибкори махали Рустамхон Бобоев ва сахми сокинони дехаи Хочагалтон дар мохи июл хашари умуми ташкил намуда аз масофаи ду хазор метр ба деха хати оби нушоки оварданд.
Таъмини дехаи Хочагалтон бо оби нушоки ва оби полези дар бех гаштани сатхи зиндагии сокинони ин деха мусоидат кардааст. Заминхои наздихавлигиашонро сокинони деха акнун самаранок истифода менамоянд.
Дар чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсови нохияи Восеъ бо дасгирии сохибкорони махали дар се деха 175 нуктахои оби нушоки оварда шуданд. Сохикор Рустамхон Бобоев икдом гирифтааст,ки ин амали неки чавонмардонаро минбаъд идома медихад.