home Руйдодхо Видео: Кишти пунбадона — Восеъ

Видео: Кишти пунбадона — Восеъ

Дар хочагии дехконии ба номи Саидакбар  дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазови нохияи Восеъ, хочагидорон ба кишти пунбадона шуруъ намуданд. Ин хочаги масохати 8 гектар заминро  истифода намуда, дар масохати 6 гектари он пунбадона кишт менамоянд. Хочагидорон бо маслихати мутахассисон тухмиро интихоб намуданд. Ана хамин тавр донахои аввалини пунбадона паи хам дар ин замин корида мешаванд.

Кишти пунбадона-Восеъ 01

Кишти пунбадона-Восеъ 05

Кишти пунбадона-Восеъ 06

Дар хочагии дехконии ба номи Холбозор бошад, хочагидорон  кишти пунбадонаро барвактар ба анчом расонида, алакай  ба коркарди аввали замин шуруъ намуданд.

Кишти пунбадона-Восеъ 18

Кишти пунбадона-Восеъ 20

Кишти пунбадона-Восеъ 19

Ин замин, баъди боришоти борон сафолак бастааст. Агар саривакт сафолак бартараф карда нашавад, ин нихолхои навсабзидаи пахта хушк шуда нобуд мегарданд. Дар чунин холат ба хотири зарар нарасонидан ба нихолхои пахта, хочагидорон аз техника истифода намебаранд.

Кишти пунбадона-Восеъ 14

Кишти пунбадона-Восеъ 15

Аъзоёни хочагии дехконии ба номи Холбозор бо мехнати дасти, бо истифода аз каланд сафолакхоро  пора карда,  заминро мулоим мекунанд. Хамин тавр, ба сабзиши минбаъдаи  нихолхои пунба мусоидат менамоянд. Аъзоёни хочагии декхонии ба номи Холбозор мегуянд, ки дар холе ки хочаги хаки мехнати онхоро сари вакт пардохт менамояд, кор дар сахро  барои онхо душвори надорад.

Кишти пунбадона-Восеъ 16

Кишти пунбадона-Восеъ 17

Дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазови нохияи Восеъ, 258 хочагихои дехконии пахтакор фаъолият доранд, Дар ин хочагихо кишти пунбадона мохи апрел идома меёбад.

Кишти пунбадона-Восеъ 12

Кишти пунбадона-Восеъ 13

Барои саривакт ба анчом расонидани кишти пунбадона дар чамоати дехоти ба номи Абди Авазов ситод ташкил шудааст. Дар ситод мутахасисони сохаи кишоварзи шомил буда, дар интихоби тухми ва кишти пунбадона ба хочагидорон маслихатхои муфид медиханд.

Кишти пунбадона-Восеъ 08

Кишти пунбадона-Восеъ 09

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *