home Руйдодхо Видео: Сохибкор ва сохтмони мактаб — Восеъ

Видео: Сохибкор ва сохтмони мактаб — Восеъ

Ин бинои навсохт, ки дар як муддати кутох дар дехаи Заркорони чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов комат афрохтааст, бинои мактаб буда бо мабалггузории сохибкор Назар Косимов сохта мешавад. Хамчун сохибкор,у сиёсати ичтимоии хукуматро дастгири намуда, дар ободонии ин гушаи Точикистон сахми арзандаи худро мегузорад. Ба ифтихори соли чавонон  ва мурочиати хамдехагон, дар дехаи Заркорон Назар Косимов  мохи май  ба сохтмони мактаб  шуруъ кард.  Айни замон сохтмони мактаб бо суръат идома дорад.

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 02

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 03

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 04

Бинои мактаб ду ошёна буда аз 10 синфхона иборат аст. Дар корхои сохтмони 30 нафар сокинони деха ба кор чалб карда шуданд. Шароитхои кори мухаё карда шудааст. Сохтмончиён сари вакт бо маош таъмин карда мешаванд. Дар корхои сохтмони ин бинои мактаб 15 нафар мутахассисон аз вилояти Сугд даъват карда шуданд.

 

 

 

Дар дехаи Заркорон сохтмони мактаб талаби руз буд. Мактаб аз ин деха  дар масофаи дур вокеъ буд. Барои тахсил кудакон, кад кади шохрох  масофаи зиёдро тай карда  то охири  деха рох мегаштанд.

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 14

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 15

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 16

Мувофики накша сохтмони бинои ин мактаб мохи август ба анчом расида сохибкор Назар Косимов калиди  мактабро ба сокинони дехаи Заркорон ва Шуъбаи маорифи нохия  тухфа мекунад.

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 18

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 19

Назар Косимов хамчун сохибкор дар рушди сохаи маориф ва сохаи тандурустии нохияи Муминобод сахми арзандаи худро гузоштааст. Бо икдоми у дар дехаи Шахбачаи чамоати дехоти Боггаи соли гузашта  бинои  ин мактаби замонави сохта шуда,  мавриди истифода карор дода шудааст.

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 09

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 10

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 12

Бо дастгирии сохибкор дар ин деха барои фарогирии кудакон ба тахсил шароитхои мусоид фарохам оварда шуданд. Аз чониби сохибкор хамчунин дар ин деха бинои Маркази саломати сохта шуда ба  истифода дода шуд. Соли 2017 ум  сохибкор тасмим гирифтааст.ки барои фасли зимистон бо гарми таъмин намудани синфхонахо  ва хучрахои Маркази саломати  дар ин чо   бугхона месозад.

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 06

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 07

Сохибкор ва сохтмони мактаб-Восеъ 08

 

Махалаи Шумо сохиби мактаби замонави шудааст?

View Results

Загрузка ... Загрузка ...

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *