home Бонуи муосир Видео: Зани фаъол — «Бонуи муосир» № 10

Видео: Зани фаъол — «Бонуи муосир» № 10

Лола Гуломова,  ба ин расмхо,  ки аз даврахои гуногуни  фаъолоияти мехнатии У  аксбардори шудаанд, назар намуда, аёми чавони, солхои донишчуи ва солхои фаъолияти кориашро дар вазифа ва самтхои  гуногун,  пеши назар меорад. Дар  фаъолияти мехнатиаш  хамрохи  шахсиятхои маъруфи арсаи мехнат кор кардааст. Дар ин акс хамрохи  кахрамони мехнати сотсиалисти, Мирали Махмадалиев,мебошад. Тачрибаи шахсиятхои  кордидаро омухтааст. Дар вазифахои ишголнамуда, кушиш кардааст, ки аз тачрибаи давлатхои пешкадами дунё дар самти хизматрасонии ичтимои  истифода намуда онро дар махал чори намояд.  Дар нохияи Восеъ, аввалин маркази будубоши рузона барои тавонбахшии кудакони имокнияташон махдуд  бо дастгирии у ташкил карда шудааст.

Бонуи муосир10-Зани фаьол 08

Бонуи муосир10-Зани фаьол 14

Бонуи муосир10-Зани фаьол 18

Бонуи муосир10-Зани фаьол 21

Бонуи муосир10-Зани фаьол 32

Бонуи муосир10-Зани фаьол 31

Бонуи муосир10-Зани фаьол 30

Лола Гуломова дар ду системаи давлатдори кору фаъолият намудааст.Дар хар ду давра хам дар вазифахои масъул, корхои рохбарикунанда кор кардааст. Дар самти тичорат, фаъолияти сохибкори тачрибаи калон дорад. Сохибкоронро дастгири мекунад. Бо маслихати у ва дастгирии ташкилоти байналмиллаии ПРОООН лоихаи паст кардани сатхи камбизоатии занони дехот бо истифодаи гармхона, занон ва духтарони дехот  ба кор чалб карда шуданд. Дар дехаи Чордараи чамоати дехоти Тугараки нохияи Восеъ ду гармхона сохта шуда занон ва духтарони бекори дехоти сохиби чои кор гардиданд. Лола Гуломова дар самти паст кардани сатхи камбизоатии занони дехот тавассути ташкилоти чамъиятии «Дунёи умед» сахми арзанда гузоштааст. Ин ташкилоти чамъиятиро у ташкил намудааст. Яке аз лоихахои амали намудааш  чалби занон ба парвариши занбурпарвари мебошад. Самти дигари фаъолияти ин зани кордида сохаи хочагидори мебошад. Баъди ба нафака баромадан рохбари хочагии дехконии ба номи Сиёвуш»ро пеш мебарад.  15  гектар замини обиро самаранок истифода менамояд. Дар масохати 8 гектар пунбадона кишт намудааст. Бо вучуди номусоид омадани боду хаво  хосили  пахта  бад нест. Мегуяд, у харочотхоро мепушонад. Барои аъзоёни хочаги шароитхои мусоид фарохам овардааст. Лола Гуломова  хислати ташкилотчиги дорад.Дар хамаи чорабинихои сатхи нохияви ва вилояти масъулияти баланд дорад. Ин наворхо аз ташрифи сафири Чумхурии  Россия  дар Точикистон  ба нохияи Восеъ мебошад. Занони  чаканпуши доиранавоз, мехмоннавоз аъзоёни гурухи хунарии бибихо мебошанд, ки бо икдоми Лола ташкил шудааст.Бо чехраи  гарму самимонаи точикона бо сенарияи Лола Гуломова  чорабинихоро дар сатхи баланд мегузаронанд. Дар самти рушди хунархои мардуми бошад, дар микёси вилоят аввалин шуда ансамли  духтарони дуторнавозро ташкил намуд.Хамин тавр хамаи ташабусхои занон ва духтаронро дастгири мекард.

Бонуи муосир10-Зани фаьол 47

Бонуи муосир10-Зани фаьол 46

Бонуи муосир10-Зани фаьол 43

Бонуи муосир10-Зани фаьол 42

Бонуи муосир10-Зани фаьол 40

Бонуи муосир10-Зани фаьол 39

Дар фаъолияти кориаш шогирдони зиёде тарбия намудааст.Дар интихоб ва чобачогузории   кадрхои рохбарикунанда аз хисоби занон  дар нохияи Восеъ солхои 2010-2018 ум мавкеъи калон дошт.Имруз дар чомеъа, занон  ва духтарон ба мисли Лола Гуломова метавонанд, дар кору фаъолияти мехнати мувафак гарданд. Барои ба ин хадаф расидани онхо имкониятхои хуб мавчуд мебошанд.Лола Гуломова ба нафака баромада бошад, хам аз фаъолияти мехнати дур намешавад.Таввасути ташкилоти чамъиятии « Дунёи умед» дар хамкори бо ташкилотхои байналмиллали  оиди мушкилотхои занони дехот ва роххои халли онхо лоиха навишта дар паи амали гардидани онхо мебошад.

Бонуи муосир10-Зани фаьол 28

Бонуи муосир10-Зани фаьол 23

Бонуи муосир10-Зани фаьол 33

Бонуи муосир10-Зани фаьол 36

Бонуи муосир10-Зани фаьол 37

Бонуи муосир10-Зани фаьол 38

 

 

10 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *