home Руйдодхо Идомаи сохтмон дар Хулбук — Восеъ

Идомаи сохтмон дар Хулбук — Восеъ

Дар мамнуъгохи таърихии Хулбук, мархалаи чоруми корхои сохтмони,   баркарорсозии касри шохони Хатлонзамин  Хулбук  шуруъ  гардид.Ин мархала мархалаи ободони ном гирифтааст.  Дар ин мархала сохтмончиён  кисмати шимолу шаркии касрро эхё менамоянд. Хулбук аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  маблаггузори карда шуда, дар корхои баркарорсозии  каср  мутахассисон аз шахрхои Душанбе,Хисор ва нохияи Восеъ иштирок доранд. Ин коргарон дар баркарорсозии иншоотхои таърихи тачрибаи калон доранд. Аз руи лоиха, сохтмончиён хар як нуктаро ба инобат мегиранд.  Кушиш менамоянд, ки касри шохони Хулбукро хамон тавре ки аслаш буд баркарор созанд.

Идомаи сохтмон дар Хулбук 03

Идомаи сохтмон дар Хулбук 05

Идомаи сохтмон дар Хулбук 06

Идомаи сохтмон дар Хулбук 07

Идомаи сохтмон дар Хулбук 08

Хонандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умуми ин навбат  бо тарзи   корхои сохтмони  ва меъмории давраи  асримиёна  дар   Хулбук шинос гардиданд. Тавре ки бостоншиносон муаян намудаанд, шахри кадимаи Хулбук маркази музофоти  Хатлон  аз кухандиз, шахристон  ва  рабаа иборат аст. Касри шохони Хулбук  дар баланди вокеъ гаштааст.  Ин мавзеъ назар ба маркази нохия ва дехаи Мехробод баланд аст.   Пойдевори касри Хулбук аслаш бо хишти пухта сохта шуда, то имруз боки мондаанд. Сохтмончиён  болои он девори калъаро бардоштаанд. Дар Хулбук бинохои  бошукух аз хишти пухта ва хишти хом сохта шудаанд. Кучахояш васеъ ва сангфарш карда шудааст.Ба воситаи кубурхои сафолин зери замин хобонда бинохо бо об таъмин карда мешуданд.

Идомаи сохтмон дар Хулбук 41

Идомаи сохтмон дар Хулбук 43

Идомаи сохтмон дар Хулбук 44

Идомаи сохтмон дар Хулбук 46

Идомаи сохтмон дар Хулбук 48

Идомаи сохтмон дар Хулбук 49

Сохтмону баркарорсозии Хулбук баъди хазор сол дар даврони сохибистиклолии Точикистон бо пешниходи Президенти Чумхурии Точикистон     соли 2003 юм бахшида ба чашни 2700 солагии Кулоб огоз ёфта,  мувофики  накша соли 2020 анчом меёбад. Ин ёдгории нодир дар таърихи  Точикон   ахамияти калон дошта, яке аз мавзеъхои  мухими сайёхи дар   Точикистон  ба шумор меравад.

Идомаи сохтмон дар Хулбук 28

Идомаи сохтмон дар Хулбук 12

Идомаи сохтмон дар Хулбук 14

Идомаи сохтмон дар Хулбук 34

Идомаи сохтмон дар Хулбук 36

Идомаи сохтмон дар Хулбук 38

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *