home Руйдодхо Видео: 27-соли Истиклол — Восеъ

Видео: 27-соли Истиклол — Восеъ

Тачлили чашни 27 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, дар нохияи Восеъ аз чамоати дехоти Гулистон  дар дехаи Гулистон бо кушода шудани майдончаи хурди бозии футбол  шуруъ гардид. Ин майдончаи варзиши бо пешниходи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва чалби сохибкори махали сохта шуда, дар ин руз   мавриди истифода карор дода шуд. Дар даврони сохибистиклолии Точикистон  дар нохия  сохтмони чунин майдончахои варзиши  ба оммавигардонии варзиш, таблиги тарзи хаёти солим ва рушди бемайлони варзиш  мусоидат намудааст. Дар ин руз дар дехаи Гофилободи чамоати дехоти ба номи Рудаки бинои бунгохи тибби мавриди истифода карор дода шуд. Ин бино бо дастгирии сокинони махала сохта шуда, аз чор хучраи кори иборат аст. Панч нафар мутахассисон дар ин марказ ба кор чалб гардида ба 115 хочагии ин махала хизмати тибби мерасонанд.

27соли Истиклол-Восеъ 36

27соли Истиклол-Восеъ 37

27соли Истиклол-Восеъ 38

27соли Истиклол-Восеъ 39

27соли Истиклол-Восеъ 42

27соли Истиклол-Восеъ 50

27соли Истиклол-Восеъ 49

27соли Истиклол-Восеъ 48

27соли Истиклол-Восеъ 46

27соли Истиклол-Восеъ 44

Дар маркази нохия бошад, субхи барвакт, колективхои мехнати, собикадорони мехнат, наврасону чавонон бо чехраи  идона ба чои  баргузории чашнвора омаданд.   Бахшида ба тачлили  чашни фархундаи миллат, 27 умин солгарди истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон  дар  боги фарханги ва истирохатии нохия   намоиши хунархои мардуми  доир карда шуд. Дар ин намоиш махсули мехнати хунармандону кишоварзон ба марази тамошо гузошта шуд.Ёдовар бояд шуд,ки бо дастгирии макомоти ичроияи хокмияти давлатии нохия сокинон ба корхои кишоварзи, корхои хонаги, косиби, хунархои мардуми, инчунин корхои мавсими ва хизматрасони чалб карда шудаанд. Дар ин намоиш махсули корхои онхо гузошта шудаанд. Дар ин саф голибони даври озмунхои фанни, гирандагони стипендияи Президенти Чумхурии Точикистон  бо ифтихори баланди ватандори истодаанд. Иштирокдорони озмунхои фанни имсол дар   вилоят ва  Чумхури 69 медал ба даст оварданд.  Истиклолият ба боло рафтани хисси ватандусти, ташакулли тафакури чавонон оид ба масъалахои ифтихори милли худогохиву худшиноси такони чидди дод.Ин кудакон тарбиятгирандагони муассисахои тахсилоти томактаби мебошанд.Шумораи чунин муассисахо дар нохия имсол ба 8 адад расонида шуда, мувофики накша то чашни си солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон шумораи муассисахои тахсилоти томактаби то 15 адад расонида мешавад.

27соли Истиклол-Восеъ 02

27соли Истиклол-Восеъ 03

27соли Истиклол-Восеъ 06

27соли Истиклол-Восеъ 10

27соли Истиклол-Восеъ 11

 

27соли Истиклол-Восеъ 12

27соли Истиклол-Восеъ 14

27соли Истиклол-Восеъ 16

27соли Истиклол-Восеъ 17

27соли Истиклол-Восеъ 18

Кисмати тантанавии чорабини бахшида ба чашни 27 умин солгарди Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, бо иштироки зиёда аз 10 хазор одамон  дар варзишгохи марказии нохия доир гардид.Дар огоз раиси нохияи Восеъ.  сокинони нохияро бахшида ба ин санаи мухими таърихи халки точик табрик намуд. Дар ин чорабини Вазири молияи  Точикистон аз номи Хукумати Точикистон  сокинони нохияи Восеъро бахшида ба ин санаи фархунда шодбош намуда, кайд намуданд, ки дар рохи ба истиклолят расидани мардуми точик, аз гирдоби даргирихои сиёси берун кашидани кишвар ва расидан ба вахдати милли накши созандаи Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон нихоят бузург аст. Дар ин рузи фаромушнопазир, дар мухити идона ба 6 чуфти навхонадорон барои ташкили оила шаходаномаи акду никох супорида шуд. Дар ин руз аз номи Макомоти ичрпоияи хокимияти давлатии нохия  барои мехнати арзанда ба пешкадамони истехсолот, омузгорон, собикадорони мехнат ифтихорнома ва мукофотхои пули такдим карда шуд.Дар кисмати фархангии чорабини кормандони шуъбаи фарханги нохия  аз таърихи  фарханги гузаштаву муосири халки точик барномаи театрикунонидашударо пешкаши сокинони нохия намуданд.27соли Истиклол-Восеъ 19

27соли Истиклол-Восеъ 21

27соли Истиклол-Восеъ 22

27соли Истиклол-Восеъ 23

27соли Истиклол-Восеъ 25

27соли Истиклол-Восеъ 35

27соли Истиклол-Восеъ 33

27соли Истиклол-Восеъ 30

27соли Истиклол-Восеъ 29

27соли Истиклол-Восеъ 28

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *