Олимон муаян намудаанд, ки вируси норасогии масъунияти одам хангоми нигох доштан дар нами дар харорати 58 дарачаи гарми боздошта мешавад. Лекин шахси гирифтори ин бемори дар чунин харорат тобовар набуда, аз ин лихоз мутахассисон рохи ягонаи пешгирии ин бемориро дар риоя намудани тарзи хаёти солим ва истифодаи маслихатхои мутахасисон оиди пешгирии ин бемори нисбат медиханд.
Вируси норасогии масъунияти одам имруз чомеъаи чахониро ба ташвиш овардааст. Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр хамчун рузи чахонии мубориза бар зидди вируси норасогии масъунияти одам кайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар ин руз дар нохияи Восеъ чорабинихои гуногуни маърифати гузаронида шуданд. Дар хамоише ки бо икдоми бахши кор бо чавонон ва варзиш, дар якчояги бо маркази зидди бемории вируси норасогии масунияти одам доир гардид, оиди сабабхои ин бемори рохои гузариш ва пешгирии он бо чалби мутахассисон шарх дода шуданд.
Фируз Холов дар бахши кор бо чавонон ва варзиши нохияи Восеъ, рохбари гурухи ихитёриён мебошад. Дар хусуси бемории вируси норасогии масъунияти одам аъзоёни гурух маълумоти хуб гирифтаанд. Гурухи ихтиёриён дар ин руз аксия гузаронида дар кучаву бозорхо ва чойхои серодам оиди ин бемори ва рохои пешгирии он зиёда аз 200 ин гуна варакахои иттилоотиро ба сокинон таксим намуданд.
Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров