home Бонуи муосир Видео: Бонуи муосир № 6 — Иштироки занону духтарон дар хаёти чамъиятии мамлакат

Видео: Бонуи муосир № 6 — Иштироки занону духтарон дар хаёти чамъиятии мамлакат

Дар бинои  маъмурии чамоати дехоти Гулистон нохияи Восеъ, рузхои сешанбеи хафта фаъолияти  кории чамоати дехот   аз мачлиси  назорати  огоз меёбад. Дар ин чамъомад  раисони  кумитахои махал ва ахли чамоатчигии дехот  чамъ меоянд. Хурмо Шарифова  директори муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №17, то ин вазифа  дар вазифаи  чонишини раиси чамоати дехоти Гулистон  кор кардааст.У яке аз занхои фаъоли дехаи Гулистон мебошад.Дар баробари вазифахои хизмати,  Хурмо дар хаёти чамъиятии деха ва нохия  фаъолона иштирок менамояд. Амали намудани   конун, фахмонидани мохияти он ба мардум,  ичрои дастуру супоришхои  Президенти Чумхурии Точикистон, ичрои  карорхои Хукумат, дар махал,  амрхои раиси вилоят ва раиси нохия, чамоатхои шахраку дехот, ташабусхои созанда, ободкорихо сохтмон ва таъмири  рохо, тарбияи фарзандон, пешгирии вайроншавии оилахо    ба Чамоати дехот хамчун макомоти худидораи шахрак ва дехот сахт вобастаги дорад.  Ин масъулиятро Хурмо хуб дарк  менамояд. Хуснияи Назарали дар ин чамоати дехот, одами нав аст.Хислати чамоатчигии Хуснияро дида уро ба вазифаи чонишини раиси чамоати дехоти Гулистон пешниход намуданд.Духтари  чавон бо собикаи  чор солаи фаъолияти  омузгори ва тачрибаи  хуби чамъиятчиги  кори чамоати дехотро дар самти маънавиёт бомувафакият  пеш мебарад.

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 03

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 04

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 06

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 07

 

Хусния, дар оилаи зиёи ба камол расидааст. Аз падару модар  тарбияи хуб  гирифта, хохиш дорад, ки  дар тарбияи насли наврас ва  чавонон  хисаи сазовор гузорад. Хусния орзу дорад, ки дунё тинчу ором бошад.  Зухуроти номатлуби чахони имруза тероризм ва экстремизмро махкум намуда, оиди ин мавзуъ байни чавонон  корхои таргиботи мегузаронад. У ахли чамоатчигиро даъват менамояд, ки дар ин самт бетараф набошанд. Дар чамоати дехоти Гулистон ба мисли Хурмо ва Хусния занони фаъол, ки сокинонро ба корхои ободони ва созандаги чалб менамоянд,  шумораашон бисёр хастанд. Дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии  №59 дехаи Мехробод Рачамо аз хамин гуна занхо мебошад. Рачамо омузгор шуда кор мекунад. Дар баробари тарибияи шогирдон  дар корхои чамъиятии деха пешкор аст. Корхои ободонии деха бо икдом ва ташабуси у  анчом дода мешаванд.

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 41

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 47

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 48

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 49

Дар ин муассисаи таълими  хамрохи Рачамо  Гулру зани фаъолу ташкилотчи аст. Бо пешниход ва дасгирии у  бо чалби сокинони деха майдончаи варзишии мактаб хамин сол таъмир ва азнавсози карда шуд.  Чомеъа ба кадри чунин шахсиятхо мерасад.Ташабускории Гулру ва Рачаморо дида сокинони махала онхоро намояндаи худ вакили мачлиси чамоати дехот интихоб намуданд. Гулру ва Рачамо худро зани муосир мешуморанд.  Гулру ва Рачамо дар давраи таътили тобистонаи мактабиён дар рухсатии мехнати бошанд, хам аз мардум дур нестанд.Рохои халии мушкилотхои дар деха мавчудбударо бо чалби сохибкорон ва худи сокинон  пайдо намудани хастанд.

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 28

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 30

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 37

Бо Гулру ва Рачамо хайрухуш намуда, аз дехаи Мехробод ба чамоати шахраки Хулбук меоем. Ин кахрамони гузориши мо Саодат Одинаева мебошад. Саодат нуктаи назари худро дорад. У  вакили Мачлиси чамоати шахраки Хулбук,  вазифаи чамъиятиаш  раиси кумитаи махалаи ба номи Бобочон Гафуров мебошад. Саодат Одинаева, барои иштироки фаъолона дар корхои чамъияти бо ифтихорномахо сарфароз гаштааст.У худро зани муосир шуморида занонро даъват менамояд, ки тавассути корхои чамъияти, ташкили хашархои дастачамъона мухити зистро   тоза нигох дошта дар  чомеъаи шахрванди  сахми худро гузоранд.

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 10

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 11

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 24

Бонуи муосир 6 -Ишт занону духт дар хаёти чамъияти 26

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *