home Бонуи муосир Видео: Бонуи муосир № 8 — Модари танхо

Видео: Бонуи муосир № 8 — Модари танхо

Умеда  Махмудова модари танхо аст.  Дар  бинои касри фарханги собик  колхоз,  ин кунчаки хурд,  барояш  сарпанох гаштааст. Хамрохи фарзандонаш  ин чо ичора мешинад. Дар ин чо  бо дастгирии падару модар ва мехнати худаш,  зиндагиашонро пеш мебарад. Хаёти оиладории Умеда, зиндагии якчоя бо шавхараш, умеду орзухои ширини у дер давом накарданд, Баъди чор соли хаёти оилави  шавхараш аз Умеда чудо шуд. Умеда, аз хонаи шавхараш  бо ду фарзанди ноболигаш баромад.   Дар танхои онхоро бо мушкили  калон кард. Бо  такдири Умеда барин хаммонанд, модарон дар чомеъа     кам нестанд.  Бо чунин ахвол  бисёрии онхо  хайрон монда,  ба кучо мурочиат карданро намедонанд.  Дар чунин вазъият давлат ба онхо кумакхои ичтимои мерасонад.Ин гуна модарон дар маркази ичтимоии кумак  дар хона  ба кайд гирифта мешаванд. Химояи хукуки модари танхо дар фаъолияти   шуъбаи кор бо занон ва оила, хам  ба рох монда шудааст.  Ин гуна модарон метавонанд, ба ин чо мурочиат намоянд. Модари танхо барои  тарбияи дурусти фарзандони  ноболиги худ  метавонад,   ба комиссияи хукуки кудак, ки назди Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия фаъолият дорад,  мурочиат намояд.

Бонуи муосир 8-Модари танхо 03

Бонуи муосир 8-Модари танхо 04

Бонуи муосир 8-Модари танхо 05

Бонуи муосир 8-Модари танхо 06

Бонуи муосир 8-Модари танхо 07

Зиндагии модари танхо ва тарбия намудани  ду фарзанд барои Умеда осон набуд.Ба хамаи мушкилихо  У тоб  оварда, барои тахсили фарзандонаш,   худаш шароит мухаё сохт. Умеда фарзандонашро дуст медорад. Лекин дигар хохиши шавхар карданро надорад. Дар касри фарханг Умеда танхо нест.Ин чо чор оила зиндаги дорад. Муродбегим хамтакдири Умеда хаст. Хамрохи се фарзандаш се мох  мешавад ки ба ин чо кучидааст. Баракси  Умеда, Муродбегим хату савод надорад. Хамаги се синф хондааст. Мегуяд, ки  сади рохи тахсили у модараш  шуда буд. Бе саводи, бе хунари барои у имруз мушкилихои зиёдро овардааст.   Ба хар коре, ки рост ояд. машгул шуда,  зиндагии фарзандонашро пеш мебарад.

Бонуи муосир 8-Модари танхо 34

Бонуи муосир 8-Модари танхо 35

Бонуи муосир 8-Модари танхо 43

Бонуи муосир 8-Модари танхо 44

Бонуи муосир 8-Модари танхо 37

Хар се фарзандони Муродбегим аз шавхари  аввали у бе кайди никохи расми тааваллуд шудаанд. Баъди издивочи дуюм хаёти оилавии у ин дафъа низ бо нокоми анчом ёфт. Муродбегим  аз чунин мушкилотхои ба сараш омада рохи халоси мечуяд. Умеда бошад, баъди мурочиат,  сохиби китъаи замини назихавлиги гардид. Фарзандонаш, манзили истикомати месозанд.Баъди ба анчом расидани сохтмони хона Умеда  хохиш дорад, ки  хамрохи фарзандонаш дар хонаи худашон, хаёти осуда пеш мебаранд.   Муродбегим хам орзуи ягонааш сохиби китъаи замини наздихавлиги шудан мебошад.У хам мехохад, ки хаёти осуда дошта бошад.

 

 

 

13 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *