home Бонуи муосир Видео: Бонуи муосир № 9 — Хукуки занон ва духтарон дар чои кор

Видео: Бонуи муосир № 9 — Хукуки занон ва духтарон дар чои кор

Ин  барномаи  «Бонуи муосир» ба мавзуъи «Хукуки занон ва духтарон дар чои кор» бахшида шудааст.Барои кушодани ин самти  дастрасии  хукукхои занон  мо  ба дехот  ба ин хочагии дехкони омадем.   Монанди ин  занон ва духтарон дар  дехот,  кисми зиёдашон  дар хочагихои дехкони ба кор чалб карда шудаанд.  Чавхарби Бобомуродова  сахмдори хочагии дехконии ба номи хочи »Партов» мебошад.Хамрохи ин занон Чавхарби аз кишт то  парвариш ва нигохубини  нихолхои пахта,мехнат кардаанд.   Дар мавсими чамъоварии хосили пахта, аз пагохии барвакт то бегохи  пахта мечинанд.  Барои хар як килои пахта хочаги 50 дирам пул чудо намудааст.Барои он ки дар як руз Чавхарби 50 сомони пул кор кунад, у бояд 100 кграм пахта чида супорад.

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 06

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 11

 

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 15

 

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 21

 

 

Дар майдони  пахтазор, хамрохи аъзоёни хочаги  дар чамъоварии хосили пахта коргарони кироя хам ба кор чалб карда мешаванд.Холаи Назрби  яке аз ихтиёриён аст. У собикадори мехнат мебошад. Дар солхои  чавониаш колхозчии пешкадами колхоз буд. Холаи Назрби, дар сину соли нафака хам бошад,  хохиши кор кардан дорад. Ба ин хочаги омада дар чамъоварии хосили пахта хамрохи ин занону духтарон дар сахро кор мекунад.Хамчун ихтиёриён онхо низ дорои хукукхои муаян мебошанд. Кахрамони дигари гузориши мо омузгор аст.Давлатмо Достиева дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №8 вазифаи чамъиятиаш раиси кумитаи иттифоки касабаи мактаб мебошад.Кумитаи иттифоки касаба дар мактаб хукук ва имтиёзхои  омузгоронро дар мактаб дар чои кор мухофизат менамояд. Дар ин муассиса кисми зиёди омузгоронро занон ва духтарон ташкил медиханд.Барои мухаё намудани шароитхои кори, истирохат ва фарогати муаллимон  дар якчояги бо маъмурияти мактаб кумитаи иттифоки касаба шароитхои мусоид фарохам овардааст.

 

 

 

 

 

 

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 42

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 43

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 46

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 48

Баракси хочагихои дехкони занони омузгор аз хукукхои худ бохабар хастанд. Ниёлбии Саидиброхим баъди рухсатии мехнати ба фаъолияти кори шуруъ кард. Рузхои назик бошад,   ба рухсати барои таваллуд ва нигохубини фарзанд  мебарояд. Дар мактаб барои занони омузгор ки кудакони хурдсол доранд, барои нигохубини онхо шароитхои хуб мухаё намудаанд.Дилафруз Саидова хангоми дар кор буданаш кудакашро назди мурабия монда, бо хотири чамъ ба кор машгул мешавад. Хомина Неъматова дар мактаб мурабия шуда кор мекунад.У бо кудакон машгулиятхои гуногун мегузаронад. Чавхарби Бобомуродова ва дигар заноне ки дар хочагихои дехкони кор мекунанд, мувофики конунгузории Точикистон  онхо низ хангоми фаъолияти кори  ба монанди омузгорон хукук ва имтиёзхои муаян доранд. Аммо дар ин хусус  онхо  то хол андеша накардаанд.  Чавхарби Бобомуродова ва дигар заноне ки дар хочагихои дехкони кор мекунанд, мувофики конунгузории Точикистон  онхо низ хангоми фаъолияти кори  ба монанди омузгорон хукук ва имтиёзхои муаян доранд. Аммо дар ин хусус  онхо  то хол андеша накардаанд.

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 23

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 34

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 37

Бонуи муосир № 9-Хукуки занон ва духтарон дар чои кор 35

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *