home Руйдодхо Видео: Чашни истиклолият — Хамадони

Видео: Чашни истиклолият — Хамадони

Сокинони нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони 27умин солгарди Истиклолияти давлатии кишвари азизамонро бо шукуху тантана чашн гирифтанд.Дар ин рузи мукаддасу муборак, чашвораи идона аз  аксияи чавонони нохия, зери унвони  мо чавонон пайравони Пешвои Миллатем  шуруъ гардид. Дар ин аксия чавонон, ихтиёриён, аъзоёни ташкилоти чамъиятии «созандагони ватан» бо шиору варакахои иттилооти дар кучаву махалахо ва марказхои савдо сокинони нохияро бахшида ба чашни 27умин солгарди истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон табрик намуданд. Бо иштироки ин чавонон рахпаймоии идона ба майдони боги фархангию  фарогати ва истирохатии  нохия  харакат кард. Боги фархангию фарогати  ва  истирохатии нохия маркази чашнвораи идона, дар ин руз  ана хамин тавр аз  одамони касбу кори гуногун  пур гашта,   намуди идона ба бар намудааст. Чорабинии идона бо садои дафу доира ана хамин тавр огоз гардид. Дар ин марказ ин наврасон голибони мусобикахои варзиши нохияви, вилояти ва Чумхурияви  голибони озмунхои фанни даври Чумхурияви чамъ омадаанд. Дар давраи сохибистиклолии Точикистон, хушбахтона дар нохияи ба номи Мир Саид Алии Хамадони  бо  мухаё гаштани шароитхои муносиб тавачухи наврасон ба фанхои даккик афзудааст. Ин наврасон  корхои амалии  ичронамудаи худро дар ин намоиш гузоштаанд.   Дар ин кисмати боги фарханги бехтарин хунармандони чамоатхои дехоти нохия махсули мехнати дастии худро иборат аз  хунархои мардуми, чакану, гулдузихои гуногун, таомхои милли,  дар намоиши хунархои мардуми пешкаши сокинони нохия ва мехмонон гардонидаанд.

Чашни истиклолият-Хамадони 03

Чашни истиклолият-Хамадони 04

Чашни истиклолият-Хамадони 07

Чашни истиклолият-Хамадони 09

Чашни истиклолият-Хамадони 14

Чашни истиклолият-Хамадони 15

Чашни истиклолият-Хамадони 16

Чашни истиклолият-Хамадони 18

 

Нохияи Мир Саид Алии Хамадони нохияи аграри  буда шугли асосии мардум ба ин соха равона гардидааст.Дар ин самт, имсол нохия ба дастовардхои хуби истехсоли ноил гардидааст. Дар намоиши махсулотхои кишоварзи махсули мехнати хочагихои дехконии нохия ба намоиш гузошта шуданд.Дар 8 мохи соли равон истехсоли хачми махсулоти дохилии кишоварзи  ба 280 милион сомони расидааст, ин нишондод назар ба соли гузашта 18 милион зиёд мебошад.Дар чамъомади идона бахшида ба 27 умин солгарди чашни Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон раиси нохияи Мир Саид Алии Хамадони хамаи сокинони нохияро бахшида ба ин рузи фарахабахш табрик намуда кайд намуданд, ки 27 сол фосилаи кутохи таърих аст, аммо дар ин давра кишвари мо тахти рохбарии Пешвои Миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон дастовардхои бузургро сохиб шуд.Ин шаходати он аст, ки халки мо дар атрофи Пешвои худ зич муттахид буда, бо химмати баланди созандагию, бунёдкории худ хамеша ба суи пешрафт ва ба хотири ободию тарракиёт саъю кушиш мекунад.

Чашни истиклолият-Хамадони 39

Чашни истиклолият-Хамадони 41

Чашни истиклолият-Хамадони 43

Чашни истиклолият-Хамадони 45

Чашни истиклолият-Хамадони 46

Чашни истиклолият-Хамадони 49

Чашни истиклолият-Хамадони 50

Дар ин чамъомад аз номи Хукумати Чумхурии Точикистон аъзои Хукумат вазири наклиёти Чумхурии Точикистон сокинони нохияро табрик намуд.Дар вазъияти тантанави аз номи Макомоти ичпроияи хокимияти давлатии нохия барои хизматхои арзанда  ва нишондодхои бехтарин дар сохаи маориф, кишоварзи, ичтимои,  фарханги ва варзиш бехтаринхо бо ифтихорнаома ва мукофтхои пули кадр карда шуданд. Дар кисамти фархангии чорабини кормандони бахши фарханги нохия бо таронахои идона, раксу сурудхои чолиб хотири сокинони нохияро шод гардониданд.

Чашни истиклолият-Хамадони 20

Чашни истиклолият-Хамадони 21

Чашни истиклолият-Хамадони 24

Чашни истиклолият-Хамадони 26

Чашни истиклолият-Хамадони 30

Чашни истиклолият-Хамадони 31

Чашни истиклолият-Хамадони 33

Чашни истиклолият-Хамадони 38

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *