home Руйдодхо Видео: Чубтарош — Фархор

Видео: Чубтарош — Фархор

Ин махсулотхои дуредгари намуна аз корхои дастии усто Саъдулло мебошанд. Инхоро дар устохонаи шахсиаш хамрохи фарзандонаш сохтааст. Дар чамоати дехоти Даркад дехаи Шраф  бо чунин  хунар, байни  хамдехагонаш  онхо хамчун оилаи хунарманд  сохиби эхтиром ва обу ру хастанд. Амаки Саъдулло ва дигар хунармандони  дехаи Шараф максад дорад, ки бахшида ба тачлили чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон махсули корхои дастии худро пешкаши саёхон ва мехмонон намоянд.

Чубтарош-Фархор 01

Чубтарош-Фархор 04

Чубтарош-Фархор 06

Чубтарош-Фархор 07

Чубтарош-Фархор 12

Чубтарош-Фархор 24

Дар дехаи Шараф  дар катори мардон, занон ва духтарони хунарманд  шумораашон кам нестанд. Ин занону духтарон аз эълон шудани соли 2018 соли рушди сайёхи ва хунархои мардуми аз рохбари давлат минатдори намуда, дар рушди хунархои мардуми дар дехот сахми худро мегузоранд.Ин занон акнун ба ин хунар машгул хастанд. Пеш аз ин чо омаданашон  дар хона бекор менишастанд.Бо даъвати Садафмох Тешаева чамъ омада ба шугли дузандаги ва бофандаги  машгул хастанд.

Чубтарош-Фархор 33

Чубтарош-Фархор 34

Чубтарош-Фархор 35

Чубтарош-Фархор 49

Чубтарош-Фархор 50

Занону духтарони  дехаи Шараф дар таёр намудани таомхои милли аз кабили оши бурида  кадбонуи бехтарини нохия дар соли 2018 голиби озмуни наврузи  гаштаанд. Шугли аксар сокинони ин деха  кишоварзи буда, дар истехсоли махсулотхои кишоварзи аз гармхонахо  васеъ истифода менамоянд.Овозаи тарбузи ширини Шараф на танхо дар нохияи Фархор балки берун аз он пахн гаштааст.Дар доираи  чорабинихо бахшида ба тачлили чашни 30 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон мувофики накша чорабинихои Макомоти ичроияи хокимяти давлатии нохияи Фархор омодагихо ба чашни фархундаи милли дар шахраку дехот идома доранд.Гурухои кори ташкил шуда бо сокинон оиди рафти ичрои конунхои милли, тоза намудани хона ва мухити зист сухбату вохурихо доир намуда истодаанд.

Чубтарош-Фархор 25

Чубтарош-Фархор 27

Чубтарош-Фархор 29

Чубтарош-Фархор 30

Чубтарош-Фархор 31

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *