home Бонуи муосир Видео: Иштироки занону духтарон дар хаёти сиёси — Бонуи муосир №4

Видео: Иштироки занону духтарон дар хаёти сиёси — Бонуи муосир №4

Ин барномаи «Бонуи муосир» ба мавзуъи иштироки занон ва духтарон  дар хаёти сиёси бахшида шудааст. Дар ин гузориш  оиди ин самти фаъолияти занон ва духтарон  накл хохем кард. Дилафруз Абдулхакова   дар Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ вазифаи  мудири шуъбаи кор бо занон ва оиларо ба душ дорад. Яке аз самти фаъолияти ин шуъба ба чалби занон ва духтарон  ба корхои рохбарикунанда   равона гардидааст. Дар нохияи Восеъ,  50% и ахолиро   занон  ва духтарон ташкил медиханд.  Аз хамин  шумора,   занон   хам  ба корхои рохбарикунанда  дар ташкилоту муассисахо  чалб карда шуда кору фаъолият доранд.

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 04

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 05

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 08

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 09

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 12

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 13

Дар  Точикистон дар самти баробархукукии занону мардон  барномахои давлати кабул гардидаанд.  Дар доираи хамин барномахо  занону духтарон ба корхои сиёси чалб карда мешаванд. Мактаб  яке аз  манбахои   тарбияи  кадрхо   мебошад. Бисёр сиёсатмадорон фаъолияти худро аз  мактаб шуруъ намуданд. Ин занон ва духтарон баъди анчоми мактаби оли,  касби омузгориро пеша карданд.   Хохиш доранд, ки оянда сиёсатмадор шаванд. Дар мактаб  занону духтарон вазифахои гуногуни  чамъияти ва рохбариро  ичро намуда аз ухдаи  он баромадаанд.    Масъулияти рохбариро  хуб  дарк менамоянд. Рохбари ва сиёсатмадор шудани занону духтарон аз  кобилияти онхо вобастаги  дорад.Дар шуъбаи кор бо занон  ва  оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ занон ва духтарони кобилиятнокро ба кайд гирифта ба корхои рохбарикунанда тавсия медиханд.

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 44

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 45

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 46

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 48

Кахрамони дигари мо Курбонби Ниёзова мебошад.Курбонби директори ЧСК Алишер шуда кор мекунад.  Баъди  шугли омузгори дар  вазифаи чонишини раиси нохияи Восеъ, муддати чор сол кор кард. Хураи  кории  у васеъ ва  барои кабули ниёзмандон доимо кушода аст.Хохишаш хамин аст, ки доимо хамрохи мардум бошад.Дар сиёсати пешгирифтаи давлат дар пешравии он сахми худро гузорад. Курбонби вакили мачлиси вакилони халки нохияи Восеъ. мебошад. Новобаста ба он ки самти фаъолияташ  ба  сохаи  истехсолот равона шудааст,  дар хаёти сиёси ва чамъиятии нохия ва вилоят фаъолона ширкат меварзад.

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 23

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 25

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 33

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 34

Дар нохияи Восеъ, ба монанди   Курбонби  занхое ки дар корхои сиёси иштироки фаъолона доранд, шумораашон хеле зиёд хастанд. Хадичамох Чолмадова аз чумлаи хамингуна занхо мебошад.Апаи Хадичамох муддати кариб 15 сол  вазифаи  раиси чамоати шахраки Восеъро  ба ухда дошт.Аз соли 1968 ум то соли 2013 ум вакили мачлиси чамоати шахраки Восеъ буд. Хадичамох Чолмадова дар сини нафака  бошад хам   дар хаёти сиёсии нохия  фаъолона иштирок менамояд. Дар чашну маъракахои сиёси фаъолона иштирок намуда, чавононро  ба корхои ободкори ва созандаги даъват менамояд. У орзу дорад, ки Точикистон мисли гулхои  сахни   хавлиаш доимо ана хамин тавр рангоранг бошад. Мардону занон  баробар  озодона    осуда  кору фаъолият намоянд.

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 16

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 17

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 19

Бонуи муосир4 Ишт занону духт дар хаёти сиёси 21

 

 

 

8 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *