home Без рубрики, Руйдодхо Видео: Намоиши либосхои милли — Восеъ

Видео: Намоиши либосхои милли — Восеъ

Ин духтарон, аз дехаи Чорбоги чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсови нохияи Восеъ,  кормандони  сехи дузандагии «Ризо» мебошанд. Дар намоиши либосхои милли ин гуна  куртахои бо тархи  милли  духтаи  худро  намоиш медиханд.  Корхона  бо рохбарии   Гуландом Гиёева  сокини хамин деха бо чалби духтарони  деха 5 сол пеш ташкил шудааст.

Намоиши либосхои милли-Восеъ 39

Намоиши либосхои милли-Восеъ 43

Намоиши либосхои милли-Восеъ 44

Намоиши либосхои милли-Восеъ 45

Намоиши либосхои милли-Восеъ 48

Намоиши либосхои милли-Восеъ 22

Намоиши либосхои милли-Восеъ 29

Намоиши либосхои милли-Восеъ 32

Корхонаи дузандагии  «Ризо» дар дехаи чорбог ба макони баргузории чорабинихои фарханги табдил ёфтааст. Бахшида ба соли  рушди саёхи ва хунархои мардуми   ва омодагихо ба тачлили чашни 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон бо икдоми кумитаи ичроияи хизби халки демократии Точикистон дар нохияи Восеъ,дар дехаи Чорбог  намоиши хунархои мардуми  доир гардид. Дар ин намоиш  махсулотхои истехсолии  духтарони корхонаи дузандаги «Ризо» ва хунармандони  деха мавриди тавачухи  намояндагони  хизб ва макомоти ичроияи хокимяти давлатии нохия, карор гирифта. бахои баландро сохиб гаштанд.

Намоиши либосхои милли-Восеъ 10

Намоиши либосхои милли-Восеъ 12

Намоиши либосхои милли-Восеъ 15

Намоиши либосхои милли-Восеъ 17

Намоиши либосхои милли-Восеъ 20

Бо дастгирии макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва кумитаи махалаи дехаи Чорбог,  занон ва духтарони бешугли дехаи чорбог,  барои азхуд намудани хунари дузандаги ва пазандаги  ба ин марказ чалб карда мешаванд. Бо чалби мутахассисон, занон ва духтарони ин деха, хунархои мардумии кадимии миллиро аз худ менамоянд. Хамин гуна чорабини дар дигар дехотхои ин чамоати дехот баргузор мегарданд.

 

Намоиши либосхои милли-Восеъ 01

Намоиши либосхои милли-Восеъ 05

Намоиши либосхои милли-Восеъ 07

Намоиши либосхои милли-Восеъ 09

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *