home Руйдодхо Видео: Оилаи ибратомуз — Хамадони

Видео: Оилаи ибратомуз — Хамадони

Муродбегим  Мусофирова  сокини шахрак  аз нохияи Мир Саид Алии Хамадони  хунарманд ва кадбону аст. Дар хаёти оилави сабаби асосии хушбахтии худро  у   дар кадбонугиаш мебинад. Муродбегим фарзандони  хуб тарбия намуда хамаи онхо хунарманд хастанд. Хамчун оилаи намунави бо хунархои кадбонугии худ ба махфили  оилаи ибратомуз даъват шудааст. Оилаи солим чомеъаи солим. Дар доираи чорабинихо бахшида ба аксияи  16 рузи бидуни зуровари дар оила дар нохияи Мир Саид Алии Хамадони махфили оилаи ибратомуз доир гардид.  Ин хамоиши  фарханги    аз намоиши хунархои  мардуми шуруъ гардида, занони хунарманд аз чамоати шахарак ва чамоатхои дехот  махсули корхои дастии худро ба марази тамошо гузоштанд. Яке аз омилхои мустахкамии  оилахоро коршиносон дар кадбонуги ва хунарманд будани занону бонувон мебинанд. Дар нохияи Мир Саид Алии Хамадони дар самти хунаромузии занону духтарон  омода намудани онхо ба хаёти оиладори  сахми  бахши кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия калон аст. Хамин аст, ки назар ба соли гузашта сатхи чудошавии оилахо дар ин нохия хеле паст фуромадааст. Намояндагони раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимяти давлатии вилояти Хатлон ба махсули корхои дастии занон, хунару кадбонугии  онхо шинос гардида ба хунари онхо  бахои баланд доданд.

Оилаи ибратомуз-Хамадони 01

Оилаи ибратомуз-Хамадони 05

Оилаи ибратомуз-Хамадони 06

Оилаи ибратомуз-Хамадони 07

Оилаи ибратомуз-Хамадони 08

Оилаи ибратомуз-Хамадони 09

Оилаи ибратомуз-Хамадони 11  Оилаи ибратомуз-Хамадони 32

Кисмати расмии махфили оилаи ибратомуз,бо иштироки  панч оилаи намунавии нохия, пурмазмун гузашт. Дар ин оилахо,  мухандисону,  санъаткорон, омузгору, коргарон, кишоварзу,хунармандон ба воя расида  дар хаёти иктисодиву   фархангии  нохия сахми арзанда гузошта истодаанд.  Ин оилахо имруз маслихатчии чавонон  хастанд.  Дар ин маъфил онхо аз хаёти оиладории худ мисолхо оварда дар мустахками ва пойдории  оила ба чавонон хурмату эхтироми хамдигар дар  халли мушкилотхо, сабру тахамулро тавсия доданд.Дар ин хамоиш сардори раёсати кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимяти давлатии вилояти Хатлон баромад намуда кайд намудаанд, ки имруз Хукумати кишвар ба занону бонувон эхтироми хоса зохир менамояд ва дар якчанд барномаи давлати, стратегия ва консепсияхо дурнамои фаъолияти занон ва накши онхоро дар макоми рохбари, тахкими давлатдори, солимии чомеъа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.

Оилаи ибратомуз-Хамадони 36

Оилаи ибратомуз-Хамадони 37

Оилаи ибратомуз-Хамадони 42

Оилаи ибратомуз-Хамадони 43

Оилаи ибратомуз-Хамадони 45

Оилаи ибратомуз-Хамадони 46

Оилаи ибратомуз-Хамадони 50

Дар ин чамъомад, иштирокчиён,  оилахои бехтарини нохия барои тарбияи фарзандон ва маслихахои муфид ба оилахои чавон бо тухфахои хотирави кадр карда шуданд. Дар ин чорабини аз чониби бахши кор бо занон ва оила тахти унвони хаёт бе зуровари аксия гузаронида шуда ба иштирокчиён маводхои таргиботи таксим карда шуданд. Дар махфили оилаи ибратомуз хунармандони фидармонияи мардумии ба номи Одина Хошимов хотири иштирокчиёни махфилро бо суруду таронахо шод гардониданд.

Оилаи ибратомуз-Хамадони 15

Оилаи ибратомуз-Хамадони 16

Оилаи ибратомуз-Хамадони 18

Оилаи ибратомуз-Хамадони 22

Оилаи ибратомуз-Хамадони 23

Оилаи ибратомуз-Хамадони 27

Оилаи ибратомуз-Хамадони 30

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *