home Руйдодхо Видео: Поси сухан — Восеъ

Видео: Поси сухан — Восеъ

Бо максади баланд бардоштани ифтихори милли ва хисси худшиносии милли, ватандусти. ифтихори  ватандори, омузиши амики таъриху фарханги гузаштаву муосири халки точик,  бо ибтикори шуъбаи фарханги  нохияи Восеъ,  махфили   навбатии адабии «Гулшани поси сухан» ба хаёт ва фаъолияти  шоири классики точик, Одинамухаммад Маъдани Понгози бахшида шуд. Одинамухаммади Понгози  зодаи дехаи Понгози имруза нохияи Ашт  дар адабиёти  класикии точик хамчун шоири намоён макому маназалати хоса дошта, ба «Комуси адабиёти чахони» дохил шудааст. Хушбахтона дар даврони  истиклолияти  Точикистон  номи шоир Маъдан аз нав зинда гардид. Соли 2010 ум девони шоир аз чоп баромад. Аз руи он маълумотхои ба дасти мо расида дар нохияи Ашт махфили адабии « Ворисони Маъдан» мероси адабии шоир Маъданро аз нав ба риштаи тахкик баркашида бо иловакории осори дигараш ба чоп омода намуда пешкаши хаводорони назм каломи бадеъ намуданд.

Поси сухан-Восеъ 03

Поси сухан-Восеъ 06

Поси сухан-Восеъ 07

Поси сухан-Восеъ 14

Поси сухан-Восеъ 13

Поси сухан-Восеъ 12
Девони шоир  ба дасти хонандагони нохияи Восеъ хам расид. Дар махфили адабии « Гулшани «поси сухан» адибони нохияи Восеъ, кайд намудаанд, ки таввасути баргузории чунин махфилхои фарханги риштаи дустии байни мо боз хам мустахкамтар мегардад. Дар ин чорабини наздикони шоир Маъдан аз нохияи Ашт иштирок доштанд ва таасуротхои худро  оиди кадршиносии бузургони сухан  баён намуданд.

Поси сухан-Восеъ 19

Поси сухан-Восеъ 21

Поси сухан-Восеъ 27

Поси сухан-Восеъ 44

Поси сухан-Восеъ 45

Поси сухан-Восеъ 46

Хаёт ва фаъолияти Маъдан дар замони хонигарии Хуканд гузаштааст.Бинобар мухити адабии онвакта Маъдан ба забони узбеки низ шеър эчод намудааст. Ки онхо низ хеле хуб офарида шудаанд.Дар ин чорабини  хунармандони шуъбаи фарханги нохия аз эчодиёти шоир Маъдан сурудхо хонданд.

Поси сухан-Восеъ 11Поси сухан-Восеъ 15Поси сухан-Восеъ 18

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *