home Руйдодхо Видео: Сохтмони мактаб дар Шурчашма — Восеъ

Видео: Сохтмони мактаб дар Шурчашма — Восеъ

Дар доираи омодагихо ба чашни 30 солагии истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон, дар дехаи Шурчашмаи чамоати дехоти ба номи Худоёр Рачабови нохияи Восеъ, бо икдоми зодагони хамин деха бародарон Курбонзодахо сохтмони мактаби замонави идома дорад. Бинои мактаб аз як ошёна иборат буда, баъди анчоми сохтмон дар хашт синфхона дар ду баст 400 нафар хонандагонро ба тахсил фаро мегирад. Дар сохтмони мактаб 10 нафар сокинони махали ба кор чалб карда шуданд.Хокимчон Курбонзода мухандиси пешбари ин лоиха бо чалби мутахасисон, максад дорад, ки бинои мактабро бо сифати баланд сохта ба истифода медихад.

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 42

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 45

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 48

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 49

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 50
Дехаи Шурчашма, собик дехаи Каримберди байни катортеппахо аз дехаи Пушёни мобайн рохи марказии мошингузар дар масофи 8 километр дур вокеъ мебошад. Сокинони деха ба чунин мактаби замонави эхтиёч доштанд.

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 23

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 30

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 36

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 39

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 41
Дар дехаи Шурчашма, бо дастгирии бародарон Курбонзодахо, хамчунин чашмаи оби нушокии деха таъмиру азнавсози карда шуд.Мувофики накша аз ин чашма то мактаб нуктаи оби нушоки кашонида мешавад. Бо икдоми бародарон рохе ки дар натичаи офати табии сели солхои гузшта вайрон шуда дехаро аз хам чудо намуда буд, бо дарозии сад метр дамба сохта шуда дехаро бо хам пайваст кард.
Дар сохтмон ва таъмири рохи мошингарди байни деха ду автомашинаи камаз ва як техникаи боркунанда чалб карда шудаанд.Корхои сохтмони ва баркарорсозии рох идома дорад.

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 03

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 04

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 07

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 11

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 13

Сохтмони мактаб дар Шурчашма-Восеъ 18

 

 

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *