home Руйдодхо Видео: Тарзи хаёти солим — Восеъ

Видео: Тарзи хаёти солим — Восеъ

Бо максади чалби наврасон ба варзиш, таргиби тарзи хаёти солим, баланд бардоштани хисси худшиносии милли, ватандусти, ифтихори ватандори ва дар рухияи инсонпарвари тарбия намудани насли наврас дар нохияи Восеъ, махфилхои  гуногуни варзиши фаъолият доранд. Дар ин махфилхо, аз руи намуди футбол, волейбол, варзиши  сабук, гуштини милли, наврасон ба  варзиш чалб карда шудаанд.Дар варзиши сабук, ин наврасон ва чавонон аз чамоатхои шахраку дехот  иштирокчии мусобикахои вилояти ва Чумхуриви мебошанд.

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 03

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 05

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 06

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 11

Рузхои таътили зимистонаи мактабиён наврасони мактаби варзишии нохияи Восеъ, аз руи намуди варзиши сабук дар мусобикаи  минтакави  иштирок намуда голиби ин чорабини гардидаанд. Дар баробари дигар намудхои варзиш, дар нохияи Восеъ, солхои охир тавачухи наврасон ба гуштини милли афзудааст.

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 17

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 19

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 22

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 23

Завки наврасонро  дида  бо дастгирии макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ ва чалби сохибкорон, ин толори варзиши  дар дехаи Тоскалъаи  чамоати дехоти ба номи Мирали Махмадалиев сохта шуд. Дар ин толор  садхо нафар наврасони деха нозукихои  гуштини  миллиро омухтанд. Рузхои таътили зимистонаи мактабиён дар ин толлори бархаво мусобикаи нохияви аз руи гуштини милли баргузор гардид,ки тавачухи  садхо  наврасони дигаро  ба гуштини милли  чалб кард.

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 12

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 14

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 15

Тарзи хаёти солим-Варзиш~1 16

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *