home Бонуи муосир Видео: Ташкилотхои чамъиятии занону духтарон — Бонуи муосир №3

Видео: Ташкилотхои чамъиятии занону духтарон — Бонуи муосир №3

Махрамби Шарифоваро,   сифати  оби нушоки ба ташвиш овардааст. Ин хашарот,  аз кубури   нуктаи  оби нушокии манзили истикоматии у  афтидааст. Чил по дорад. Чунин хашаротхо пештар хам меафтиданд.Дар ин хусус ба корхонаи обтаъминкунанда  борхо  шикоят  намуда,   мурочиати  у бенатича  мондааст. Аз чунин муносибат,  Махрамби  ва бисёр истеъмолкунандагони оби нушоки  дар шахраки Хулбук  ба корхонаи обтаъминкунанда  дигар бовар намекарданд. Аз   ин   истеъмолкунадагон  ва хам корхона зарар медиданд.

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 03

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 08

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 09

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 10

Бо максади мустахкам намудани бовари байни чомеъа ва таъминкунандагони оби нушоки, бехтаргардонии хисоботдихии чамъияти дар сохаи таъминоти оби нушоки дар Точикистон,   бо дастгирии  Ташкилоти байналмиллалии Оксфам  ва дастгирии Бонки чахони дар панч нохияи Точикистон назди корхонаи обтаъминкунанда  шурои  машварати чамъияти,  такшилоти чамъияти    ташкил гардид.Дар шахраки Хулбук аксарияти аъзоёни шурои чамъиятиро занон ташкил медиханд. Аъзоёни Шурои чамъияти оиди хизматрасонии корхонаи обтаъминкунанда  бо сокинон дар кучаву махалахо сухбат менамоянд. Тарики корти зард  оиди хизматрасони ба корхонаи обтаъминкуни бахо мегузоранд. Шурои чамъияти  мачлисхои худро бо иштироки кормандони идораи обтаъминкунанда  доир менамояд.  Мо дар яке аз мачлисхои  Шурои чамъияти   дар шахраки Хулбук иштирок намудем. Махрамби Шарифова дар ин мачлис   вазъи мушкилоти оби нушоки дар махалаашонро гап зад.

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 37

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 40

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 41

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 12

Кормандони  корхонаи  фаръи  давлатии оби нушоки дар шахраки Хулбук  арзи баённамудаи  Махрамбиро кайд намуда гуфтанд, ки дар паи халли он мегарданд.Хамин тавр мачлисхои шурои чамъияти мунтазам баргузор мегарданд. Ташкилотхои  чамъияти  натанхо дар сохаи оби нушоки хамчунин дар хамаи сохахои хаёт вобаста ба фаъолнокии одамон, сатхи фахмиши онхо   ташкил шуда, фаъолият менамоянд. Дар нохияи Восеъ, агар  шурои чамъияти соли чоруми фаъолияташ бошад,  ташкилоти чамъиятии «Дунёи умед» фаъолияташ  пеш аз он ба кайд гирифта шуд. Бо дастгирии ташкилоти чамъиятии  «Дунёи умед» рохбараш Зулфия  Гуломова  дар доираи   барномаи  рушди Созмони Миллали Мутахид  дар самти  бехтаргардонии сатхи зиндагии занон  лоихаи   шугли асалпарвари амали карда шуд.  21 нафар занон аз чамоатхои дехоти нохияи Восеъ, муддати се мох ба семинархои  омузиши занбурпарвари чалб гардида нозукихои ин  шуглро аз худ намуданд.

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 32

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 35

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 36

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 07

Дар  доираи хамин лоиха 21 нафар занон хамаашон бо кути ва оилаи занбури асал таъмин карда шуданд. Садафмох  яке аз хамин занон мебошад.  Акнун шугли асалпарвариро пеш гирифтааст. Тибки лоиха аз ду оилаи занбур сохиби хафт  оилаи занбури асал гардид.Ин шуглро мустаъкилона пеш мебарад. Бо дастгирии ташкилоти чамъиятии «Дунёи умед» дар баробари мардон занон ба шугли занбурпаравари машгул шуданд. Лоиха ба анчом расида бошанд, хам занони асалпарвар  пароканда нашуданд. Шугли занбурпарвари занонро мутахид менамояд. Аз кору фаъолияти хамдигар бохабар хастанд.Хангоми мушкилотхо ба хамдигар кумак мерасонанд. Дар нохияи Восеъ, дар баробари занбурпарвари бо дастгирии ташкилотхои чамъияти занон ба фаъолиятхои гуногуни мехнати чалб карда шуданд. Зебиниссо   иштирокчии  лоихаи «зан ва замин» мебошад.

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 26

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 29

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 30

Баъди тачдиди колхоз ва гузариш ба сохти нави хочагидори бисёр занон  дар дехот бекор монданд. Зебиниссо занони дехотро дар шакли нави хочагидори ба кор чалб намуд.  Занон ба гурухи истеъхсоли чудо шуда, ба фаъолияти мехнати чалб карда шуданд.Бо хамин рох аз сатхи камбизоати баромада  зиндагии худ ва оилаи худро бех гардониданд. Нохияи Восеъ. богу дарахтони зиёди мевадиханда дорад. Масалан ба мисли ин бог.Кисми зиёди ин мевахо ба замин рехта нобуд мегарданд. Зебиниссо максад дорад, ки  ташкилоти чамъиятии худро вобаста ба замин ташкил намуда  гурухои занона ташкил намояд. Бо чалби занон ба корхои чамъоварии мевагихо ва таёр намудани шарбату мураббо занони бекорро ба ин шугл  чалб менамояд. Дар нохияи Восеъ,ташкилотхои чамъияти дар самти хукуки хам фаъолият менамоянд.Гулнора Камолова намояндаи ташкилоти чамъиятии Лигаи занони хукукшиноси Точикистон  дар нохияи Восеъ фаъолият менамояд.Хафтае як руз мурочиати занонро шунида ба таври ройгон  ба  онхо маслихатхои хукуки медихад.

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 21

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 24

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 25

Ташкилотхои чамъияти  хамин тавр фаъолияти худро тибки конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон  пеш бурда  аз руи лоиахои муаян  ки  ба манфиати чомеъ равона гардидааст, кор мекунанд. Махрамби Шарифова ва дигар занон  дар катори мардон  баробархукук буда узви  чомеъа  хастанд. Дар мачлисхои шурои чамъияти  дар халли мушкилоти чойдошта  онхо  андешахои  худро озодона баён намуда барои  халли мушкилоти чомеъа  дар  пешравии он  сахми худро мегузоранд.

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 13

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 16

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 17

Бонуи муосир3Ташк чамъ занону духт 18

 

 

17 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *