home Бонуи муосир Видео — Харакатхои занон — «Бонуи муосир № 12

Видео — Харакатхои занон — «Бонуи муосир № 12

Ин занон  аъзоёни  гурухи «Баракат» хастанд. Мачлиси навбатии худро мегузаронанд.    Аъзоёни гурух, барои амонатгузори хар хафта хамин тавр  чамъ меоянд.   Бо хурсанди ва бовари ба хамдигар бо дили гарм маблаги амонатии худро   ба хазина  ворид месозанд. Гурухи «баракат» соли сеюм боз фаъолият дорад.  Амалиётхои додан ва баргардонидани карзхо хар чор хафта гузаронида мешаванд. Таксимкунии даромадхо,  дар охири сол гузаронида шуда,  даромад ва фоида тибки таносуби маблаги амонатгузошта,  байни аъзоёни гурух  таксим карда мешавад. Хадафи гурух пешниходи мустаъкил ва даромадноки хизматрасонихои молияви ба аъзоёни худ мебошад.

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 05

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 08

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 14

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 15

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 17

Гурухи «Баракат» рохбари худро дорад. Фаъолияти гурухро раис  пеш мебарад.Вазифаи раиси   интихоби аст. Интихоби раис,дар огози хар давраи нав гузаронида мешавад. Аъзо метавонад, танхо як маротиба ба як вазифа интихоб карда  шавад. Дар катори раис, коргузор, посбони кутти, хамчунин  гурух хисобчии худро  дорад. Фаъолияти молиявии гурухро у пеш мебарад. Хазинаи гурух дар ин кутти нигох дошта мешавад. Бо се кулф баста шудааст.Калиди кулфхо дар дасти се нафар мебошанд. Хазина дар шохидии хамин се нафар кушода мешавад.Кутии хазина дар дасти посбон  нигох дошта мешавад.

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 42

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 44

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 45

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 47

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 48

Дар ин гурух 18 нафар занон шомил хастанд.Баъди шомил  шудан ба ин гурух сатхи зиндагии ин занон  бехтар гардид. Гурухи баракат фаъолияти худро  аз руи низомномаи  муаян  пеш мебарад.Дар низомнома муаян карда шудааст: ки метавонад аъзои гурух шавад? Аъзоёни кумитаи рохбарикунанда, тартиботи интихобот, Аз вазифахо гирифтани ичрокунандагони вазифахо дар байни интихобот, вохурихо, тарки гурух бо аъзоён, чаримахо, даровардани таъгиру иловахо ба низомнома,Амонатгузорихо, карздихи ва дигар хукуку  ухдадорихои аъзоёни гурух дарч гардидааст.

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 28

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 30

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 31

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 36

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 39

Ин гурух бо дастгирии раиси кумитаи махалаи дехаи Гулобод Махмадали Шарофов бо чалби занони хонанишин таъсис дода шудааст.Кисми зиёди ин занон маълумоти миёна доранд. Оиди фаъолияти молияви тавассути иштирок дар семинархои омузиши дар ин хусус маълумот гирифтаанд. Гурухи «Баракат»  фонди ичтимоии худро дорад. Дар хар вохури аъзоён ба фонди ичтимои сахми худро мегузоранд.Аз хамин хисоб ба аъзоёни гурух хангоми мусибат ва беморихо кумакпулихо расонида  мешаванд. Барои дарёфти маблаг ва амонат  гузоштани он занон гурухои истехсоли ташкил намудаанд. Дар дехаи Гулободи чамоати дехоти ба номи Абди Авазови нохияи Восеъ, бо дастгирии кумитаи махала хамин гуна гурухои   занона 11 адад ташкил шуда,  фаъолият менамоянд, ки шумораи аъзоёни онхо ба 150 нафар  мерасанд. Дар дигар дехахо  занони хохишманди ташкил намудани чунин гурухо шумораашон   бисёр аст. Кумитаи махалаи дехаи Гулобод,  максад доранд, ки барои минбаъд, рушд ёфтани  фаъолияти гурухои занона ва химояи манфиатхои хукукии онхо  ассотсиатсияи   худро  ташкил намоянд.

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 19

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 20

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 22

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 25

Бонуи муосир №12 - Харакатхои занон 27

 

 

Харакатхои занон — «Бонуи муосир № 12

 

 

6 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *