Суруд бошад, нон хам мешавад. Афзалшо, ин чавони лули ризку рузиашро бо суруд пайдо кардааст. У хунари сарояндаги дорад.Садояш баланд ва чолиб аст. Бо суруду таронахои пурмазмун, таввачухи мухлисонро ба худ чалб кардааст. Афзалшоро на танхо дар дехаашон байни лулихо мешиносанд. Дар дигар шахру нохияхо, он чое ки лулихо зиндаги доранд, дар бораи у медонанд. Дар туй ва маъракахои хурсандии авлодхо борхо даъват шудааст.
Дар санъати сарояндаги Афзалшо ба устодони санъат пайрави мекунад. Афзалшо мактаб нахондааст. Хушбахтона бо шарофати сохибистиклолии Точикистон, ин майдамиллат сохиби мактаб шуданд. Дар муассисаи тахсилоти асосии дехаи Полвонобод чамоати дехоти ба номи Мирзоали Вайсов лулихо мехонанд. Хату савод меомузанд. Ана ин чавонони лули мактабро хатм карданд. Бо маълумоти миёнаи нопурра максад доранд, ки тахсилро идома дода сохиби касбу хунар гарданд. Нафароне ки дар мактаб тахсил карданд, тарзи хаёти солимро интихоб карданд. Ба варзиш машгул хастанд.
Байни чавонони лули назар ба дигар намудхои варзиш футбол рушд ёфтааст. Шугли ин чавонони лули бошад, парвариш ва нигохубини хурусхои чанги мебошад. Чунин хурусхои чанги дар бозор арзиши калон доранд. Дар дехаи Полвонобод он дехае ки Афзалшо зиндаги мекунад, чавонон олами табиатро дуст медоранд. Бисёр чавонони ин деха ба нигохубини кафтар машгул хастанд. Ботирхон яке аз ин чавонон аст. Кафтар баландиро дуст медорад. Дар хавлии хонаашон барои кафтархо ана хамин гуна чой сохтааст. Ботирхон зиёда аз 50 кафтаро нигохубин намуда хамаруза барои онхо дон медихад. Ботирхон хам мухлиси Афзалшо аст.Афзалшо максад дорад. ки албоми худро тайёр намуда дар сахнаи калон назди мухлисони зиёд баромад намояд. Барои ин у омодаги мебинад.